Таҳти ҳамин унвон дар ноҳияи Лахш аксияи тарғиботӣ ташвиқотӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 600 нафар ҷавонони сини давъатӣ ва хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Лахш иштирок доштанд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Лахш роҳандозӣ гардида, баргузории аксияи мазкур дар доираи Нақша чорабиниҳо бахшида ба 26 – умин солгарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
Дар доираи аксияи мазкур ҷавонони сини даъватӣ аз ҳолу аҳвол ва шароити сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия дидан намуда, бо сарбозон ва фасарон суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.