734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Зафаробод: Ҷавонон ифротгарориро маҳкум месозанд!

Бо ташабусси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод  силсиламулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миëни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунëдкорӣ ва тарғиби тафаккури солим дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия оғоз гардид.
Имрӯз вохӯрии мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 5, 9 ва 15 бо ҷалби беш 500 нафар хонандагон баргузор гардида, аз ҷониби масъулин  вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуби иртиҷоӣ,  вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, афзун гардонидани дастовардҳои даврони истиқлолият ибрози андеша карда шуда, бо иштирокчиён мубодилаи афкор ва сӯҳбати озоду ошкоро гузаронида шуд.


06.02.2019 Нет комментариев