734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дарси нахустини маҳфили омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”

Нимаи дуюми рӯзи 5 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дарси нахустини маҳфили омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ифтитоҳ гардид.
Дарси таълимии нахустин аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам доир гардида, дар он зиёда аз 40 нафар ҷавонони лаёқатманд аз тамоми ҷумҳурӣ ҳамчун шунавандагони курс иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки маҳфили омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” дар доираи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти ватандӯстии ҷавонон аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон соли дувум аст, ки роҳандозӣ гардида истодааст.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам тибқи барномаи таълимӣ дар мавзӯи “Омӯзиши моҳияти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” баромад намуда, зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки омӯзиши сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар давлатҳои мухталифи дунё мавриди омӯзиш қарор дода шуда, сабақҳо ва саргузашту ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллати тоҷик барои хомӯш гардонидани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, мубориза ба терроризму эстремизм, ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати наҷоти сайёра аз оқибатҳои ногувор ҳамчун роҳнамо мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Пешвои муаззами миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмадори барҷастаи олам пазируфта шуда, бо сиёсати оқилонаашон тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ харобазорро ба гулзор табдил диҳанд. Омӯзиши сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ аз сиёсати дурбинонаи Президенти кишвар ин эътимод ва сабақи бузурги таърихӣ ва ояндаи дурахшони ҳар як фарди кишвар аст – зикр намуд Абдуллозода Аҳтам Рустам.
Ёдовар бояд шуд, ки дар маҳфили омӯзишии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони хизмати давлатӣ аз таҷрибаву сабақҳои омӯхтаи хеш ба иштирокчиён дарс хоҳанд гуфт.
Курси мазкур муддати се моҳ идома ёфта, аз 46 соати таълимӣ иборат мебошад. Тибқи барномаи муқарраргардида шунавандагон дар арафаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.


06.02.2019 Нет комментариев