734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар

Дар  партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии занони деҳот аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шудааст. Таъсиси стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва гарантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии занону ҷавонони деҳоти дурдасти кишвар намунаи волои таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону модарон мебошад.

Бо мақсади таҷлили Рӯзи Модарон, ки ҳамасола дар тамоми олам санаи 8 март таҷлил карда мешавад, бо фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақша чорабиниҳои мукаммал ба тасвиб расид.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш силсила чорабиниҳли маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, варзишгарзанон ва модарони рӯзгордида баргузор карда мешавад.

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар моҳи марти соли 2019 баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Суруди модар – Алла”, мизи мудаввар  таҳти унвони “Нақши занону модарон  дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ”, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, чорабинии тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони “Сад ҷону дил фидои як мудаои модар”, баргузории семинарҳои  омӯзишӣ бо иштироки  ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд дар назар дошта шудааст.


05.02.2019 Нет комментариев