734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ

Нимаи дуюми рӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ мулоқоти судманд доир карда шуд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Одиназода Ҳайдар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳ зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки Паёми солонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамчун китоби рӯи мизӣ ба ҳисоб рафта, мо масъулини ин муассисаи бонуфӯзи кишвар талош бар он менамоем, ки кадрҳои баландихтисосро тарбия намоем. 
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос дар самти техникӣ нақши арзишманд доранд.
Зимни ироаи Паёми солонаи хеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос таъкид доштанд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудан ба стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳати омӯзиш ва аз худ намудани илмҳои замони муосир, аз ҷумла техника ва технологияи навин фароҳам оварда шудааст. Сохта ба истифода додани садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, синфхонаҳои лабараторӣ, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳо ва садҳо инфрасохтори зарурӣ намунаи волои сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад – зикр намуданд зимни суханронӣ Аҳтам Абдуллозода.
Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.
Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт”.
Ҳамзамон, дар мулоқот омӯзгорон, донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ баромад намуда, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва фароҳам сохтани шароити хубу арзанда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар фарҷом раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам роҳбарият, омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъолро бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд.


05.02.2019 Нет комментариев