734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов бо донишҷӯён мулоқот доир гардид

Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳмов вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ҳайати устодону донишҷӯён мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар Паёми солонаи хеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилотро дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос таъкид намуда, ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқ намудан дарсҳои назарявию амалиявӣ ба сатҳи байналмилалӣ тамоми имкониятҳо фарҳам оварда шудааст. Танҳо аз ҷавонон даъват ба амал оварда мешавад, ки илм омӯзанд, донишҳои замониваро аз худ намуда, ба Ватан – Модар содиқона хизмат намоянд.
Зимни баргузории мулоқот қайд гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи хеш иброз доштанд, ки “Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”.
Дар доираи мулоқот ҳайати устодон ва донишҷӯёни фаъоли Донишкада баромад намуда, иброз доштанд, ки мо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, баҳри ободонии Ватани азизамон талош хоҳем кард.


05.02.2019 Нет комментариев