734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2019 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2019 озмун эълон менамояд:

  1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №563 «Оид ба тасдиқ намудани Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд», таъсис дода шудааст.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:

– натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;

– коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

  1. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун бо суроѓаи дар поён овардашуда аз санаи 4 феврал то санаи 6 майи соли 2019, соати 17:00 сурат мегирад.
  2. Довталабони озмун ҳуқуқи иштирокро то синни 35 доранд.
  3. Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталабони ҷоиза дар соҳаи илм ва техника тибқи бандҳои 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза (замима мегардад) қабул карда мешаванд.
  4. Ҳамаи асноди дар банди 7, 8, 9 ва 10 Низомномаи ҷоиза бояд ба таври расмӣ тасдиқ шуда бошанд.
  5. Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз доираи Низомномаи ҷоиза тавассути суроѓаи зерин дастрас намоед:

– шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон-6;

– телефон барои тамос (+37) 2367815, 2351025, 2360117, 2351953, 2363726, 988938048, 887708888 ва 904066074

www.youth.tj; email: kjvs.1997@mail.ru, shokhzod.rakhimov@mail.ru ва diloshub.rozikov@mail.ru

Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.

Низомномаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ


25.01.2019 Нет комментариев