734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявии лижаронии кӯҳӣ байни наврасон оғоз мегардад

   Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи амалисозии нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаи байналмиллалӣ барои соли 2019, баргузории  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасон (духтарон ва писарон) дар базаи ҶДММ “Сафед-дара”-и ноҳияи Варзоб аз санаи 19 то 20 январи соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

   Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумита дар ҳамбастагӣ бо Ассотсиатияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад ва дар ин мусобиқа иштироки варзишгарони навраси ҷумҳурӣ , ки аз рӯи ин риштаи варзиш машқу тамрин менамоянд ва дигар дӯстдорони ин риштаи варзиш дар назар аст.


18.01.2019 Нет комментариев