734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастгирии ҷавондухтарони ниёзманд

DSCN0983-300x225

Бо ташаббусу ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар, имрӯз намояндагони Кумита 6 нафар ҷавондухтарони ниёзмандро аёдат намуданд.

Ба 5 ҷавондухтарон бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатӣ, сатҳи зиндагӣ ва дастгирии ичтимоӣ аробачаи маъюбӣ ва 1 нафар мошинаи дарздӯзӣ ҳадя карда шуд.

Масъулини Кумита зимни аёдат қайд намуд, ки ин табақаҳои ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар буда, барои беҳтар гардидани вазъи зиндагӣ ҳамаи тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.

Ҳадаф аз баргузории ин иқдом ин пеш аз ҳама татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳуукмати ҷумҳурӣ ва дастгирии ҷавонон, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз созандагию бунёдкорӣ тарбия намудани онҳо мебошад.

Зикр бояд кард, ки чунин иқдом дар доираи ҳар ҷашну идҳои милливу таърихӣ аз тарафи сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд.


04.03.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.