734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Машав ғамгин агар духтар бизодӣ…

Ҳамовозӣ ба мақолаи “Муносибати падар ва духтар”
 
Хонандаи доимии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мебошам ва ҳар шумораи рӯзномаро пайгирӣ мекунам. Мақолаи “Муносибати падар ва духтар” (“Ҷавонони Тоҷикистон” №51 аз 20 декабри соли 2018) водорам сохт, ки дар пайравӣ ба андешаҳои муаллиф фикрамро ба хонанда пешниҳод намоям. То ин дам дар масъалаи эҳтироми волидайн ва тарбияи фарзанд мақолаҳои зиёд ба чоп расида буданд, вале муаллифон ба ин паҳлӯи масъала кам таваҷҷуҳ мекарданд.
 
Муаллифи мақола Шаҳло Эшонова бо мисолҳои мушаххас натиҷаи тадқиқотро пешкаши хонанда намуда, дуруст хулоса бароварда аст, ки падар барои духтар дунёест беканор. Мутаассифона, имрӯз на ҳама падарон ба ин нуктаи муҳим аҳамият медиҳанд. Падарони ҷавонеро медонем, ки ба хотири пайиҳам духтар таваллуд кардани ҳамсарашон бо онҳо ҷанг карда, ҳатто иддае ҷудо шудаанд. Ин гуна ҷавонони аз илму маърифат дур намедонанд, ки писар ё духтар таваллуд кардан ба занон вобастагӣ надорад. Баръакс аз нигоҳи биологӣ чӣ гуна будани ҷинси кӯдак аз хромосомаҳои мард вобастагӣ дорад. Аз таваллуди духтар ғамгин шудану онро нонхӯри зиёдатӣ ва ё айб пиндоштан одати мардони замони ҷоҳилияти пеш аз исломист. Дар он давраҳо баъзе падарони бераҳм ҳатто духтарони бегуноҳашонро дар биёбон ваҳшиёна зинда ба гӯр мекарданд. Алишо Роғиби Самарқандӣ фармудааст:
 
Машав ғамгин агар духтар бизодӣ,
Ки бо духтар бувад пайваста шодӣ.
Басо духтар, ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар муҳтоҷ гардад.
 
Муаллиф барҳақ навиштааст: “Чӣ қадар миёни падару духтар самимият, фошгӯӣ, ғамхориву меҳрубонӣ нисбат ба якдигар зиёд бошад, ҳамон андоза рӯзгори минбаъдаи духтарон ободу осуда ва пур аз муҳаббат хоҳад буд”. Ин ҷумлаи пурмазмун бояд шиори ҳар як падар бошад. Вақте мо фарзанд мегӯем, ҳам писар ва ҳам духтарро дар назар дорем. Ҳардуяшон “Қуввати миён”, “Нури чашм” ва “Банди ҷигар”- и падару модаранд.
 
Фарзанд, чӣ писару чӣ духтар сарвати бебаҳо ва давоми умри инсон аст. Мутаассифона, баъзе падарон барои соҳибҳунару соҳибмаълумот шудани писар кӯшиш мекунанду духтаронашонро соҳибмаълумот намекунанд. Дар тасаввуроти онҳо чунин аст, ки духтарашон зуд мактабро тамом кунаду хонадор шавад. Бо ҳамин гӯё қарзи падарии худро иҷро кардаанд. Ҳол он ки агар духтар соҳибҳунар шавад, зиндагиаш ободтару хуррамтар мегузарад. Шоҳ Нӯширавони Одил аз Бузургмеҳри Ҳаким пурсид: – Умр ба кадом шуғл сарф бояд кард?
 
Бузургмеҳри Ҳаким гуфт: – Ба таҳсили улум ва ҳунару адаб.
 
-Илм чӣ натиҷа медиҳад?
 
-Хонандаи илм агар хурд бошад, бузург гардад ва агар фақир бошад, тавонгар шавад.
 
-Роҳи рост чӣ гуна маълум мегардад?
 
-Бо рӯшноии илм- гуфт Бузургмеҳри Ҳаким…
 
Хуб мешуд, ки мақолаи мазкурро кормандони бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаҳо баррасӣ намоянд. Зеро дар мақола бисёр нуктаҳои ба мустаҳкамшавии оила ҳидояткунанда дарҷ гардидааст. Дар ҷилди дуюми китоби “Одоби оиладорӣ”- и нависанда Сулаймон Эрматов чунин таъкид шудааст: “Эй фарзанд, агар модар ба ту шири сафед дода, туро бузург карда бошад, падар ба оғӯши гарм гирифта, навозиш намуда, чун модар туро дӯстдорӣ карда, ба воя расонидааст. Ба ту беҳтарин маслиҳатчӣ шудааст. Тамоми буду шуд ва қувваи хешро барои ба воя расонидани ту бахшидааст. Агар шодии туро дида хушнуд шуда бошад, дар ҳолати ғамгиниат ба ту ҳамдард гаштааст. Акнун ба ту лозим аст, ки дар назди ҳамин фарзанддӯстдории падар таъзим ба ҷо орӣ”.
 
Тамила ОРИПОВА, омӯзгори МТМУ №36 шаҳри Душанбе


15.01.2019 Нет комментариев