734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Маросими кушодашавии  Ҷоми маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”

Санаи 11 январи соли 2019 дар Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб маросими кушодашавии  Ҷоми маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мусобиқаи варзишӣ оид ба намудҳои шоҳмот, тенниси рӯи миз  ва футболи хӯрд миёни волонтёрони сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Паёми имсолаи хеш  ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26 декабри соли 2018 иброз намуданд аз ҷониби Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” роҳандозӣ гардида, дар он 8 даста миёни ҳам дар ду гурӯҳ рақобат хоҳанд намуд.

Имрӯз бозиҳои дар гуруҳи “А” волонтёрони лоиҳаи “Сити корд” бо волонтёрони Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе вориди рақобат гардида бо ҳисоби 4:2 ва волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур 4:8 вориди рақобат гардида, дар бозии аввал дастаи волонтёрони Лоиҳаи “Сити корд” ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ғалаба ба даст оварданд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо ҳисобт 13 : 3 дастаи волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомониро шикаст дода, дастаи ноҳияи Сино бинобар сабаби иштирок накардани дастаи ноҳияи Фирдавсӣ дар мусобиқа ғалаба ба даст оварданд.

Бозиҳо аз санаи 11 то 15 январи соли 2019 баргузор гардида, ғолибон бо Ҷом ва медалҳои Кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда мешаванд.


11.01.2019 Нет комментариев