734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Машқҳои дастаҷамъии варзишгарони тоҷик аз руи намуди теквандо (wt)

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсия теквандо (WT) бо мақсади муайян намудани тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теквандо (WT) дар муассисаи маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои теквандо мақшҳои дастаҷамъонаи варзиширо миёни ҷавонон ва калонсолон доир намуда истодааст.
Машқҳои дастаҷамъонаи варзишгарон аз санаи 22 декабри соли 2018 то санаи 6 январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе идома ёфта, хароҷти он аз ҳисоби маблағҳои буҷҷавӣ пардохт карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар машқҳои дастаҷамъонаи варзишгарон дастаҳои Хатлон 1, Хатлон 2, Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди 50 нафар фаро гирифта шуда, дар он дастаҳои занона низ ҷалб карда шудаанд.
Варзишгарон омодагиҳои худро барои иштирок дар мусобиқоти сатҳи гуногун бо ҳамроҳии устодони варзидаи кишвар Далер Фозилов, Иломуддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов мегузаронанд. Инчунин дар ин машқҳои дастаҷамъона варзишгарони риштаи теквандо (WT) – ро довари дараҷаи байналмилалӣ Вафоназар Аланазаров ҳамроҳӣ менамоянд.
Умед ҳаст, ки ин варзишгарони риштаи теквандо (WT) дар соли 2019 дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ маҳорати баланд нишон дода шарафи Парчами давлатиамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоят менамоянд.


11.01.2019 Нет комментариев