734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Гуруҳи тарғиботии вобаста ба Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар

Бо мақсади расонидаи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши нағзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз санаи 4 январи соли 2019 то инҷониб  баргузории суҳбату мулоқотҳои судманд бо ҷавонони касбу кори гуногун ва сокинони кишвар бомаром идома доранд.

То имрӯз мулоқоту вохӯриҳо бо масъулини соҳаи тибб дар маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва “Истиқлол”  бо доираи васеи  табибон  баргузор гардида, ин иқдом бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ санаи 8 январи соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон доир карда шуд.

Баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар фурушгоҳи “Меҳргон” бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиш санаи 7 январ доир гардида, ин иқдом дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи тоҷик” бо доираи васеи кормандони ҷавони соҳаи энергетика низ доир карда шудааст.

Дар ин замина бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту вохӯриҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо доираи васеи ҷавону варзишгарон, ходимони дин, падарону модарон, фаъолони ноҳия идома доранд.

Дар ин замина баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо мақсади расонидани муҳтавои нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз санаи 9 январи соли 2019 дар бузургтарин фурушгоҳҳои кишвар дар маркази савдои “Корвон” ва “Султони Кабир” бо доираи васеи соҳибкорон  баргузор карда шуд.

Иқдоми пешгирифтаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш идома ёфта, баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар ҶСК “Сементи тоҷик”, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, КВД “Роҳи оҳани тоҷик”, Маркази савдои “Садбарг”, қисмҳои низомӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии  ва миёнаи кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.


09.01.2019 Нет комментариев