734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“Ҷоми пайравони Пешвои миллат” баргузор мегардад

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади омавигардонии варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи футбол ва рушди фаъолияти волонтёрӣ дар самти варзиш мусобиқаи кушод оид ба футбол барои дарёфти “Ҷоми пайравони Пешвои миллат” миёни волонтёрони сохторҳои маҳаллии Кумита доир мегардад.
Дар мусобиқаи кушод 8 даста миёни ҳам рақобат намуда, бозиҳо аз санаи 11 то 16 январи соли 2019 дар Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб баргузор мегарданд.
Дар мусобиқа дастаҳои волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ва волонтёрони Лоиҳаи “City card” ширкат меварзанд.


09.01.2019 Нет комментариев