734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҲАМОИШИ ВОЛОНТЁРОН ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дирӯз  бо дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” – и Раёсат дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ҷавонон, дидан намудан аз ҷойҳои таърихию сайёҳӣ Ҳамоиши ҷавонони ризокор бахшида ба солҳои 2019-2021″Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Сараввал, ҳамоиши мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-уми шаҳр бо мулоқоти судманд бобати ҷалби волонтёрон ба корҳои хайрхоҳӣ ва пешбурди фаъолияти волонтёрӣ оғоз гардид. Дар мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом Бобоева Шаҳноза, роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”- и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ҷаъфаров Диловар ва роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”- и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Конибодом Маҳкамова Мубина иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавсуф зикр кард, ки мафҳуми волонтёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маъмул аст ва коршиносон онро ҳамчун механизми устувор дар бунёд ва густариши як давлати муосир ва демократӣ медонанд.

Фаъолияти волонтёри дар Тоҷикистон тавонист, ки дар камтарин муддат таъсис ёбад, ташаккул намояд ва ба сӯи рушд равона шавад. Ҳатто барои ба танзим даровардани ин намуди фаъолият қонун низ қабул карда шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти волонтёрӣ 19 сентября 2013 №1019 қабул шудааст.

Мувофиқи моддаи якуми ин қонун Волонтёр шахсест, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё бавоситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.

Баъди ба анҷом расидани мулоқот аз тарафи маҳфили ҳаҷвнигорони “Хандарез”-и Раёсат дар якҷоягӣ бо волонтёрони шаҳри Конибодом барномаи фарҳангӣ ва ҳаҷвӣ баргузор карда шуд.

Сипас, мувофиқи барнома волонтёрон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Конибодом дидан карданд.


09.01.2019 Нет комментариев