734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ МО!

Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоту вохуриҳои судманд бо ҷавонону варзишгарон ва сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бомаром идома доранд.
Имрӯз 8 январи соли 2019 дар чанд ҷамоату деҳаҳои ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода А, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода З., муовини раиси ноҳияи Деваштич ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат дар ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва Далёни Поён мулоқоту вохӯриҳои судманд доир гардид.
Зимни суханронии хеш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам иброз намуданд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат китоби ҳикмату насиҳат ва нақшаи солонаи ҳар як фарди равшанфикри ҷомеа мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи хеш ҳадафҳо, нақшаҳо ва стратегияи миллии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар Паёми имсолаи хеш Роҳбари давлат ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳаи варзиш ва ҷавонон, омодагӣ барои ҷашни миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диқатти махсус дода, барои роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд, ки “Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд.
Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем”.
Вобаста ба рушди соҳаи маориф дар кишвар Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.
Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.
Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд.
Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.
Вобаста ба ҳифзи солимии ҷавонону наврасон ва аҳолии кишвар ва ҳимояи онҳо аз бемориҳои хавфноки сироятӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.
Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.
Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд”- иброз намуд Абдуллозода Аҳтам Рустам.
Бояд ёдовар шуд, ки баргузории суҳбату мулоқотҳо дар чанд рузи дигар дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияи Деваштич идома доранд.


09.01.2019 Нет комментариев