734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Туҳфаи Пешвои миллат ба варзишгарони кишвар. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд!

 Дар арафаи ҷамъбасти “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади ҳавасманд намудани варзишгарони кишвар, ки дар мусобиқаву чемпионатҳои сатҳи байналмилалӣ ғолибият ба даст овардаанд, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағҳои ҷудогардида 931250 сомониро ташкил медиҳад. Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 76 нафар беҳтарин варзишгарон дар соли 2018 Назаров Дилшод, Даминов Шаҳриёр, Хоҷазода Беҳрӯз, Мирмамадов Шакармамад, Ҳалимова Моҳру, Холова Идимоҳ, Абдураҳмонов Муҳаммадалӣ, Маҷидов Ҷаҳонгир, Жабборов Хайёмиддин, Назаралиев Давлаталӣ, Ғаниев Ғаниҷон, Қурбонов Эмомризо, Даминов Шаҳриёр, Рустамов Абубакр, Ҷӯраев Дилшодҷон, Ковалев Иван, Даминов Мустафо, Пирназарова Комила, Лутфуллоева Нозанин, Пирназарова Зумрат, Бобоҷонова Мунира, Ваҳобов Азмуддин, Ҳасанов Бахтовар, Зуҳуров Ҳабибҷон, Мирзораҷабов Фирӯз, Азизов Асламҷон, Маҳмадбеков Раҳмонҷон, Панжиев Озодбек, Ходжиев Парвиз, Сангов Шоҳрух, Литфуллаев Муҳаммадрасул, Холов Исроил, Ҳасанов Азизбек, Шарипов Ҷонибек, Холиқов Умедҷон, Ҳасанов Муҳриддин, Назаров Фирӯз, Камолов Амадонӣ, Каримов Самандар, Закиров Иброҳим, Азимов Меҳробҷон, Аҳтамов Ҳамзаҷон, Забиров Нидоёр, Азизбоев Муҳаммадалӣ, Исмоилов Сунатулло, Раҳматов Шарифбек, Заиров Ислом, Эмомалии Аҳмадхон, Назаров Шаҳром, Соиров Рустам, Хусравов Хушқадам, Каримов Акмалиддин, Латифов Сорбон, Кароматов Сироҷиддин, Сайфиддинзода Ҳусейн, Амонов Аюбҷон, Ниёзов Билол, Ҳоҷизода Фарангис, Ибодов Ибодулло, Сабуров Мансурҷон, Гадоева Фотимахон, Турсунқулов Исмоил, Эминзода Эраҷ, Салимов Абдусалом, Ҳасанов Мақсуд, Маҳмадалӣ Сафиаллоҳ, Бобомуродов Алиҷон ва Исоев Ойбек соҳиби ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Маблағи ҷудогардида барои варзишгарон нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 3 маротиба зиёд буда, маблағи он, ки аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад, 931250 сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи ғамхориҳои Пешвои миллат, соли равон 649 варзишгари тоҷик, аз ин 66 нафар бону, бо маблағи умумии 2794754 сомонӣ ба 146 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 467 медал, аз ҷумла 151 тилло ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 адад зиёд мебошад. Хурсандибахш аст, ки аз шумораи умумии медалҳо 136 ададаш аз рӯи намудҳои олимпии варзиш ба даст омадааст. Баромади бомуваффақи футболбозони 16-солаи тоҷик дар Чемпионати Осиё, дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, инчунин дигар мусобиқаҳои сатҳи баланд боиси ифтихори бузург мебошад. Мавриди зикр аст, ки агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 27 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 4602 адад расида, ба андозаи 34,6 маротиба зиёд гардидааст. Ин ҳама дастовардҳои ба дастовардаи варзишгарони тоҷик дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯз варзишгарону масъулини соҳаи варзиш ғамхориҳои Пешвои миллатро дар ҳама самтҳо бар аъло мушоҳида намуда истодаанд.


27.12.2018 Нет комментариев