734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Муроҷиатномаи волонтёрони Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муроҷиатномаи волонтёрони Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

дар Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон бахшида ба

Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Мо ҷавонон, волонтёрони Тоҷикистон бо дарки масъулиятшиносии фаъолияти хайрхоҳонаву ихтиёрии худ, эҳсоси баланди ватандорӣ,  ифтихори миллӣ ва садоқатмандию ҳамовозӣ ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонэҳтиромона муроҷиат менамоем:

Мо – ҷавонон,насли хушбахтем, ки дар фазои сулҳу субот ва ободу осудаи мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои хирадманду ҷавонпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва фаъолият дорем. Ҳамарӯза аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллатамон баҳравар буда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тамоми шуҳрати ҷаҳоние, ки Тоҷикистони мо ба даст овардаасту аз садоқати Президенти мамлакат шаҳодат медиҳад, ҳамчун ворисони арзанда ва пайравони асил ҳифз намоем.

Барои мо – насли имрӯзаи кишвар тамоми шароитҳои арзанда ва заминаҳои мусоид баҳри ташаккули шахсияти мо фароҳам мебошад ва мо бо истифода аз имконоти мавҷуда баҳри гулгулшукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз ихтиёран дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш саъй менамоем.

Мо – волонтёрон бо эҳсоси баланди худшиносӣ худро дар назди ҷомеа ва Ватани маҳбубамон масъул дониста, ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаи соҳаҳои мамлакат тамоми неруямонро мебахшем.

Мо ифтихор менамоем, ки имрӯз аз ҳамаи ғамхориву таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои муаззами миллатамон бархӯрдорем. Мо – волонтёрон тасмим гирифтем, ки минбаъд фаъолияти бо номи “Пайравони Пешвои миллатем!” муаррифӣ гардида, бо ин номи пуршарафи “Пайравони Пешвои миллат” аз фаъолияти хайрхоҳонаву ихтиёрии худ, ки садоқату самимияти моро нисбат ба давлату ҷомеа ифода менамояд, ифтихор дорем. Ҳамаи мо, яъне пайравони Пешвои миллат даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу субот ва оромии кишвар ба сӯйи ояндаи нек бо қадамҳои устувор равонаем!

Бо садоқатмандӣ ваъда медиҳем, ки ҳамчун ворисони арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон дар оянда мутахассисони баландихтисос гардида, ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона хизмат менамоем!

Мо – ҷавонон пайравони Пешвои миллатем!

Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!

Мо Шуморо дӯст медорем, Пешвои миллат!


06.12.2018 Нет комментариев