734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмиллии волонтёрон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

Дирӯз дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмиллии волонтёрон таҳти унвонии “Пайравони Пешвои миллатем” ҳамоиши волонтёрони Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиши волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Презмденти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо доираи васеи волонтёрон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш волонтёрон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуданд, ки волонтёрони азиз, – пайравони асили Пешвои миллат!
Ман аз номи худ ва кормандони Кумита ҳар яки шуморо ба Рўзи байналмилалии волонтёрон самимона шодбош менамоям.
Маҳз, бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти волонтёрӣ барои рушди малакаҳои зеҳнӣ, инкишофи маънавӣ, рушди истеъдодҳо, анҷом додани амалҳои хайрхоҳона ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон ва барои соҳибтахассус гардидани онҳо шароити муҳимеро фароҳам овардааст.
Ба ин васила мо ба як оилаи бузурге табдил ёфтем, ки тавассути ризокорӣ, нафърасонӣ ва ташаббускорӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон бояд саъю талош варзем.
Шиори мо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат буда, ин масъулияти бузург моро водор менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, бар зидди тамоми омилҳои номатлуб ва фаъолияти қувваҳои носолими ҷомеа мубориза барем, дар замири худ ватандориро нисбати гиромидошти арзишҳои миллӣ парварем, дили ғамхор дошта бошем ва ҳамеша барои дареғ надоштани нерўи инсонии худ ҷиҳати дастгирии ниёзмандон ва пешрафти Тоҷикистони азизамон омода бошем.

Таҷлили Рўзи байналмилалии волонтёрон, ки ҳар сол таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир мегардад, ин намунаи волои таваҷҷуҳи давлати Ҳукумат ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятии ҷавонони саодатманду сарбаланд ва ворисони арзандаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Барои ҳамаи Шумо узви оилаи калони ризокор – волонтёрони хайрхоҳи кишвар иродаи матин, мавқеи устувор, саломативу сарбаландии ҳамешагӣ ва фатҳи қуллаҳои баландро дар зиндагӣ таманно менамоям – зикр намуда Абдуллозода Аҳтам.
Ҳамзамон, дар ҳамоиши ҳисоботи фаъолияти солонаи роҳбарони маҳфилҳои волонтёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар шунида шуда, дар охир аз ҷониби волонтёрони Тоҷикистон муроҷиатнома ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд.

 


06.12.2018 Нет комментариев