734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо хонум Кейт Ёнеяма

Имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар ҳошияи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки аз 26 ноябр то 1 декабри соли 2018 дар шаҳри Токиёи Ҷопон баргузор гардида истодааст бо роҳбари минтақавии Шуъбаи робита бо кумитаҳои миллии олимпии Ситоди Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии Токио 2020 хонум Кейт Ёнеяма мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои буду боши роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ, ҳайати расмӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон, варзишгарон ва ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани машғулиятҳои таълимию машқи ҷиҳати омодагии муташаккилона ба Бозиҳои олимпии 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид


28.11.2018 Нет комментариев