734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


НОҲИЯИ МАСТЧОҲ: Майдончаи нави варзишӣ сохта ба истифода дода шуд

Зимни сафари корӣ раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ, нахуст дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳия дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои замонавие, ки барои гузаронидани бозии футболи хурд ва волейбол мутобиқ гардонида шудааст, иштирок намуданд.
Майдончаҳои варзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Устосафар Олимов бо харҷи зиёда аз 500 000 сомонӣ сохта шуда, дорои шароитҳои замони муосир мебошад.


27.11.2018 Нет комментариев