734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар шаҳри Панҷакент чорабинии идона доир гардид

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2018 роҳпаймоии ҷавонону варзишгарон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” доир карда шуда, дар ин рўз донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ҷавонони шаҳру деҳот ба кӯчаҳои шаҳр баромада то маркази шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар Кохи ба номи Лоик Шералӣ барномаи фархангӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳр бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, раиси шаҳри Панҷакент ҷавонону варзишгарон ва соикнони шаҳрро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, як қатор ҷавонону варзишгарони фаъолро бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардониданд.


27.11.2018 Нет комментариев