734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Абророва Сабрина дар чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон сазовори ҷои дуюм гардид

Варзишгари навраси тоҷик Абророва Сабрина дар чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷои дуюм гардид.
Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни наврасони аз 16 то 23 ноябри соли 2018 бо иштироки варзишгарони 11 давлати қораи Осиё доир гардид.
Дар ин чемпионат 300 нафар варзишгар байни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар миёни 300 нафар варзишгар варзишгари навраси тоҷик бо нишон додани беҳтарин малакаю маҳорат сазовори ҷои дуюм гардид.


26.11.2018 Нет комментариев