734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон арҷгузорандаи муқаддасоти давлатӣ ва парчамбардорони миллат

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчам конференсияи ҷумҳурияии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон арҷгузорандаи муқаддасоти давлатӣ ва парчамбардорони миллат” баргузор гардид.

Дар конференсия намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Толибов Қобилҷон, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, зимни суханронии хеш ҳамаи иштирокчиёни конференсияро ба Рӯзи Парчами миллӣ муборакбод намуд.

Шоҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзӯи “Ҷавонон арҷгузорандаи муқаддасоти давлатӣ ва парчамбардорони миллат” барамад намуда, таъкид намуд, ки бояд ҳамаи ҷавонон парчамбардорони миллат бошанд.


25.11.2018 Нет комментариев