734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Суханронии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам дар Ҳамоиши гирандагони стипендияҳои Президентӣ

Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат»

 

Ҳозирини гиромӣ!

Ҷавонони саодатманду соҳибмаърифат ва хуштолеъу хушбахти замони соҳибистиқлолии кишвар!

Бо истифода аз фурсати муносиб пеш аз ҳама ҳар яки Шумо ва дар симои шумо тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми иншооти азими аср, Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», ки дар арафаи он қарор дорем сидқан табрик менамоям.

Воқеан, дар замири ҳар як ҷавони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд. Пешвои муаззами миллат барои Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоии сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизматҳои басо бузурге кардаанд.

Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати накӯ, шараф, номуси мардонагӣ ва дасту дилу нияти пок доштани Пешвои муаззами миллат мусоидат карданд, ки мо мардуми саодатманди тоҷик шоҳиди рӯйдодҳои воқеан ҳам таърихӣ, дастовардҳое, ки садсолаҳо умеду орзуаш мекардем, аз ҷумла ба истифода додани агрегати якуми иншооти бузурги аср, НБО “Роғун” муяссар гардида истодаем.

Дӯстони азиз!

Иқдомҳои наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар бараъло эҳсос гардида, ба хотири рӯҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст, ки ин боиси беҳтар шудани сифати дониш миёни ин қишри ҷомеа гардидааст. Ин ибтикороти шоиста ба хотири беҳтар шудани сифати таҳсилот ва тайёр кардани насли соҳибихтисос равона шуда, наврасону ҷавононро зарур аст, ки дар асоси ҳимояи давлат ва имтиёзҳои ба онҳо муқарраргардида боз ҳам ба донишандӯзӣ машғул шаванд ва сатҳу сифати дониши худро баланд бардошта, ҳамчун пайрави асили Пешвои муаззами миллат номбардори подару модар ва халқу Ватани азизамон гарданд.

Дар асл меҳру муҳаббат, садоқату боварӣ ва эътимоди Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавони кишвар буҳудуд аст, ва ин бовариву эътимод ба шумо ҷавонони соҳибмаърифат бояд сипар бошад ва барои рушд, ҳифз ва нигоҳдошти ояндаи созанда ва дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол, пайравӣ бо сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои миллат кӯшишу талош намоед.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи “Соли ҷавонон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017, №944 “Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ”, теъдоди стипендия 100 адад зиёд карда шуда, аз моҳи сенябри соли 2018 400 адад стипендия, ки маблағи ҳар кадоми он дар як моҳ 400 сомониро ташкил медиҳад, муқаррар карда шудааст, ки ин бори дигар аз таваҷҷӯҳи беандозаи Пешвои муаззами миллат нисбати насли ояндасози кишвар шаҳодат медиҳад.

Имрӯз ҳар яки шумо ҷавонони хушиқболи кишвар бо доштани заковати баланди инсонӣ, донишу саводи амиқ ва одоби намунавӣ аз миёни қариб 2 милион хонанда, соҳиби номи бошарафу пурифтихори гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018 – 2019 гардидед, ки ин дастовард барои ҳар яки шумо дастоварди таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон таъкид менамоянд: “Зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, омӯзиши техника ва технологияи навтарин ва забондони ба таври қатъӣ талаб менамояд”.

Аз ин нуқтаи назар, ҳар яки шумо бояд беш аз ҳарвақта омӯзед, омӯхтаатонро дар амал тадбиқ намоед ва аз пайи эҷоди нав кӯшед то дигарон омӯзанду дар амал тадбиқ намоянд.

Боиси қайд аст, ки бо мақсади фаъолгардонӣ худташаккулёбӣ ва ҷалби гирандагони стипендияҳои Президентӣ дар корҳои ҷамъиятӣ дар дастгоҳи марказии Кумита ва дар назди раёсатҳо ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфили стипендиатҳо таъсис дода шудааст, ки ҷоннок шудани кори маҳфил аз маҳорату малакаи ҳар яки шумо ҷавонон вобастагии зиёд дорад.

Аз ин лиҳоз, ҳар яки шуморо зарур аст, ки дар асоси шартномаи тарафайне, ки байни мудири бахш ва стипендиант барои як соли хониш баста мешавад, амал намоед.

Ҷавонони азиз!

Бо сазовор гардидан ба номи пуршарафи гирандаи стипендияи Президентӣ шумо бояд намунаи ибрат барои дигар ҷавонон бошед.

Дар тамоми ҷодаи ҳаёт барои расидан ба мақсаде, ки обрӯи шумо ва эътибори волидайнатонро боло мебардорад, талош варзед.

Шиори “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки барои ҳар яки мо ифтихори бузург ва дар навбати дигар масъулияти баландро талаб менамояд, ҳамеша ба он содиқ монед.

Бо таманиёти зиёд бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба часми сар дидани орзуву омоли миллӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ва ба кор оғоз намудани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба ҳамаи шумо муборак бод!

Сарбаланду иззатманд ва пайрави асили Пешвои муззами миллат бошед!

 


12.11.2018 Нет комментариев