734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар шаҳри Душанбе Форуми ҳуқуқшиносони ҷавон доир гардид

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин Форуми ҳуқуқшиносони ҷавонро баргузор намуданд.

Дар кори форум ҳайати профессорон ва омӯзгорони ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиносони ҷавон ва донишҷӯёне, ки дар риштаи ҳуқуқ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳсил менамоянд иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар кори форум муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ иштирок ва суханронӣ намуда, иброз намуданд, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик муяссар гардид, ки бахтномаи хеш – Конститутсияи худро бо дасти хеш бинвисад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони нооромиҳо ва ноадолатиҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, барои ҳар як шаҳрванд фазои волоияти қонуниро фароҳам овардааст.


09.11.2018 Нет комментариев