734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷалсаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Дунфан ба кори хеш оғоз бахшид

Аз 8 то 12 ноябри соли 2018 дар шаҳри Дунфани Ҷумҳурии Халқии Хитой  ҷалсаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм баргузор гардида истодааст.

Дар ин ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Давроналӣ ва 5 нафар ҷавонони фаъоли кишвар ҳамроҳӣ менамоянд.

            Субҳи имрӯз дар шаҳри Дунфани Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷалсаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба кори хеш оғоз бахшида дар қисмати расмии он Рашид Олимов секретари генералии СҲШ, Ж. Кожобекова намояндаи доимии Ҷумҳурии Қирғизистон дар секретари СҲШ, Те Ган котиби Кумитаи ҳизби шаҳрии Дунфани Ҷумҳурии халқии Хитой, Т. Дайирбеков раиси Шурои ҷавонони СҲШ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, С.Акбаров муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Узбекистон, Д.Лукьянцев мушовири сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии мардумии Хитой, В. Ху намояндаи лигаи ҷавонони назди секретари СҲШ ва намояндагони ҳайати миллӣ аз давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон дар атрофи хатарҳои вабои аср терроризм ва экстремизм  суханронӣ намуданд.

 Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз 8 то 12 ноябри соли 2018 дар шаҳри Дунфани Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кори хеш идома мебахшад.


09.11.2018 Нет комментариев