734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Абдулҳаев Суҳроб дар вазни 82 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд

Аз санаи 13 то 18 ноябри соли 2018 дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия  чемпионати ҷаҳон оид ба  гӯштини юнонӣ – румӣ бо иштироки беҳтарин варзишгарони олам баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви тими мунтахаби кишвар оид ба гӯштини юнонӣ – румӣ дар вазни 82 кг  Абдулҳаев Сӯҳроб  намояндагӣ мекунанд.

Барои иштироки узви тими мунтахаби кишвар дар ин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 19005 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдулҳаев Сӯҳроб машқҳои тамринии худро дар шаҳри Краснадари Федератсияи Россия гузаронида, умед ҳаст, ки дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаи хуберо нишон медиҳад.

 


09.11.2018 Нет комментариев