734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Хуҷанд: Мусобиқаи тирпаронӣ

Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти мададгори мудофиаи вилояти Суғд бобати сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсия дар толори “тир”-и Ташкилоти мададгори мудофиа мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба тирпаронӣ байни писарон ва духтарон гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур 90 нафар дӯсторони ин намуди варзиш аз ҷумла 30 нафар бонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар натиҷа ғолибон бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


08.11.2018 Нет комментариев