734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷ.Расулов: Мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Қулдошов Бобур байни наврасони 2003-2004 ва 2005-2007 гузаронида шуд.

Мусобиқа дар толори варзишии “Чемпион”-и ҷамоати Ғулакандоз бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш доир гардида, дар он 200 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Спитамен, Хуҷанд ва се дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.

Дар охири мусобиқа ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.


08.11.2018 Нет комментариев