734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳамоиши гирандагони стипендиаяҳои Президентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Санаи 12 ноябри соли 2018, соати 10:00 дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55 шаҳри Душанбе Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар доираи баргузории ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҷавонону наврасони ҳунарманд,  тамошои мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва иншоотҳои навбунёди шаҳри Душанбе ва намоиши театрӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли дуввум аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ бо доираи васеи гирандагони стипендияи Президентӣ доир карда мешаванд.

 


08.11.2018 Нет комментариев