734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Деҳа ба деҳа бозии воллейбол баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ аз санаи 16 то 18 ноябри соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои малакат мусобиқаи варзишӣ аз рӯӣ намуди волейбол баргузор мегардад.

Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар шаҳри Хоруғ, Шуғнон, Роштқалъа ва ноҳияи Ванҷ, дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои  Ашт, Гулистон, Мастчоҳ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ҷ. Расулов, Панҷакент, Деваштич, дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои  Қубодиён, Вахш, Н. Хусрав, Ҷайҳун, Ёвон, Ҷ. Балхӣ, Хуросон, Шаҳритус,Панҷ, А. Ҷомӣ, Муъминобод,  М.А.Ҳамадонӣ, Фархор, Ш.Шоҳин ва Данғара бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои дастаҳои деҳаҳои шаҳур ноҳияҳо доир карда мешаванд.


08.11.2018 Нет комментариев