734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳо ва мавзеъҳои серодами шаҳри Душанбе аксияи ҷумҳуриявии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Дар аксия аз ҷониби волонтёрон варақаҳои иттиллоотӣ, нишонаҳои сарисинагӣ ба сокинону меҳмонони пойтахти кишвар тақсим карда шуда, мулоқотҳои сарироҳӣ бо усули “Ҳамсол ба ҳамсол” бо ҷавонону наврасон ва сокинони пойтахт анҷом дода шуд.

 Дар рафти чорабинӣ сокинону меҳмонон аз аксия мазкур ҷонибдорӣ намуда, зикр доштанд, ки мо сокинону меҳмонон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати оқилонаи Пешвои миллатро пуштибонӣ намуда, бо ҳамовозӣ, бо иродаи қавӣ мегӯем, ки “Мо Шуморо дӯст медорем- Пешвои миллат”.

Аксияи мазкур дар назди фурушгоҳи Садбарг, хиёбони Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Душанбе доир карда шуд.


08.11.2018 Нет комментариев