73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон

Ҷавонон

19.01.2017 Ҳадаф – зиндагии шоистаи сокинон

Мақсади асосии фаъолияти Давлату Ҳукумат, тамоми чорабинию тадбирҳо, қабули қонунҳо, стратегияву барномаҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат таъмини рушди босуботи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад, – гуфта шуд аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом. Аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов зикр намуд, ки дар нимаи моҳи январ пурра аз байн бардоштани маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо нурӯи барқ гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ торафт наздик мешавад ва баъди ба кор даромадани нахустин […]

19.01.2017 Истиқболи хизматчиёни ҳарбӣ аз эълон гардидани Соли ҷавонон

Дар қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ, воқеъ дар шаҳри Бӯстон, гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо сарбозону афсарон мулоқот карданд. Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ибрози назар намуда, зикр кард, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардидани кишвари мо дар замони буҳрони шадиди молиявӣ нишонаи возеҳу равшани татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии […]

19.01.2017 «Мо-ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!»

18 январи соли 2017 дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Маҳфили стипендиантҳои ҷавон” – и назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  мизи мудаввар дар мавзӯи «Мо-ҷавонон аз ташаббусҳои Пешвои миллат ифтихор дорем!» доир карда шуд, ки дар он роҳбарият ва аъзоёни маҳфил фаъолона иштирок намуданд. Нахуст иштирокчиён тариқи манитор муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар бораи пурра бардоштани маҳдудияти барқро тамошо намуда, атрофи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат суҳбати озод доир намуданд. Саъдулло Юсупов, роҳбари Маҳфил аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки то тамоми ҷавонони сатҳи маҳал, хешовандону наздикон ва дӯстону рафиқонашонро ба истифодаи самаранокии барқ даъват намоянд. Ҳамчунин дар рафти мизи мудаввар як қатор […]

19.01.2017 Мизҳои мудаввари навбатӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ»

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 16 – 17  январи соли равон дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб миззи мудаввар дар мавзӯи “Иштироки ҷавонон дар бартарафозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ҷавонон аз ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид. Масъулини Раёсати кор бо ҷавонони Кумита дар баромади хеш оид ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, таҳлил ва баррасии вазъияти ҷинояткорӣ ва қонунвайронкуниҳо дар байни ҷавонон, паст намудани омилҳое, ки барои паҳн гардидани ақидаҳои экстремистии динӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар мусоидат менамоянд, ба роҳ мондани омӯзиши дурусти ахлоқ ва талаботҳои тарбиявии дини Ислом суханронӣ намуданд.  Ҳамчунин, дар рафти баргузории мизи мудаввар ҷавонон низ фаъолона […]

15.01.2017 Ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат амалӣ мегардад

14 январи соли 2017 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқоти гурӯҳи кори бо сокинони касбу кори гуногун доир карда шуд. Нахуст, Ризо Назарзода муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати эълон кардани соли 2017 “Соли ҷавонон” дар кишвар изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳанда, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷоме ба ҳисоб рафта, ояндаи миллат ва давлати биҳиштосоямон мебошанд. “Ҳукумати […]

Варзиш

11.01.2017 Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016.

Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016

10.01.2017 Хуҷанд: Наврасон барои Ҷоми «Бойчечак» талош мекунанд.

Дар давраи таътили зимистона бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф аз 4 то 29 январи соли ҷорӣ дар Муассиаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2000-2005 баргузор мешавад. Дар ин бора Бахтиëр Исматҷонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайëҳии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, гуфт, мақсад аз баргузории мусобиқа ҷалби наврасон дар давраи таътили зимистона ба мусобиқаҳои варзишӣ, дарёфти истеъдодҳо ва варзишгарони болаёқат мебошад. 12 дастаи наврасони соли таваллудашон 2004-2005 ва 18 дастаи наврасони соли таваллудашон 2002-2003 дар мусобиқа барои дарëфти ҷоми «Бойчечак» байни ҳам рақобат менамоянд.   Манбаъ: javonon.tj/news/sport/khu-and-navrason-baroi-omi-boychechak-talosh-mekunand/#sthash.ZbSfpWcl.dpuf

07.01.2017 Ғолибони “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2016 муайян гардиданд.

7 январи соли 2017 дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани «Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Адҳам Маъмурзода намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  мураббиён, варзишгарон ва ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Нахуст, Аҳтам Абдуллозода суханронӣ намуда, иброз намуд, ки шароити имрӯзаи рушд ва дар доираи татбиқи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим […]

07.01.2017 Муроҷиатномаи ҷавонон –варзишгарони кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳанӯз соли 2010, ҳангоми мулоқоташон бо варзишгарони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ифтихормандӣ иброз намуда буданд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад»: Ин суханҳои волои Пешвои муаззами миллат мо ҷавонон ва варзишгаронро водор намуд, ки пайваста ҳомии муҳофизи обрӯю эътибори Тоҷикистони азиз бошем, Ватани худро дар сатҳи ҷаҳонӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва нерӯмандию иродаи қавӣ ҳамчун сарзамини биҳиштосо ва созандаву тобанда муаррифӣ намоем. Дар баробари рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мутамаддин ояндаи онро берушди варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим тассавур кардан ғайри имкон мебошад. Баъд аз мулоқоти Пешвои миллат бо варзишгарони кишвар дар ҷумҳурӣ як такони хеле ҷиддӣ […]

06.01.2017 Ба диққати намояндагони ВАО.

Пагоҳ, 7 январи соли 2017, соати 10.00 дар бинои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии супоридани “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ доир карда мешавад.   Марҳамат намоед!!! Телефон барои тамос: +992 (37) 2367815 +992 938399652 +992 987399652

Сайёҳӣ

11.01.2017 Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016

Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Фармону Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати кишвар, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016

28.12.2016 Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон ва варзишгарон дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара»

Пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими варзишӣ ва сайёҳӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстонаашон изҳори сипос карданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз […]

28.12.2016 Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар ноҳияи Варзоб боздид ба амал оварда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок намуданд. Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳиро, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ иборат […]

16.12.2016 Фаввораҳои Душанбе мисли фаввораҳои Барселона аст

Елена Прус аз хурдӣ саёҳатро дӯст медорад ва то ҳол ба чанд давлати ҷаҳон сафар намудааст. Ӯ шаҳрванди кишвари бо мо дӯсти Белорус мебошад. Елена дар Агентии миллии иттилоотии Белорус “БелТА” ба ҳайси хабарнигор кор мекунад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сайёҳӣ ва Фестевали мероси Роҳи Абрешим “Рангоранг” бо як гурӯҳ рӯзноманигорони ИДМ ба Тоҷикистон омада, аз сарзамини биҳиштосои мо дидан намуд. Елена пас аз он ки ба кишвари худ баргашт, таассуроташро чунин иброз дошт: “Дар даврони донишҷӯӣ, ки он замон мо ҳама шаҳрвандони як давлат будем (Иттиҳоди Шӯравӣ), оид ба Тоҷикистон камтар маълумот доштам. Он ҳам бошад, фақат дар бораи қаторкӯҳҳои Помир буду халос. Пеш […]

14.12.2016 Натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2017 муайян гардиданд

11 декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ширкати роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ, сохторҳои маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташкилотҳои система ва мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 доир гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2016, самтҳои афзалиятноки фаъолият, нақшаву барнома ва дурнамои фаъолияти Кумита барои соли 2017 ва инчунин як қатор масоили дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст, Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар соли 2016 […]