73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Сайёҳӣ

Ҷавонон

20.07.2017 Ҳамкориҳои соҳаи ҷавонон бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият меёбад

Имрӯз, 20 июл, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назиди Ҳукумати кишвар ҷаласаи аъзоёни Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумита, Қиёмиддин Миралиён, раиси Шӯрои ИТҶТ, Шоҳзод Раҳимов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, Наимҷон Мирзораҳимов, котиби ИТҶТ ва намояндагони ташкилотҳои ҷавонон ширкат ва андешаронӣ карданд. Зимни баргузории ҷаласа масъалаҳои ҳамкории Кумита бо ИТҶТ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни суханронии хеш афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини иштироки фаъолонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон таъсис додааст ва он ҳамасола ба […]

20.07.2017 Ҷ. БАЛХӢ: Ғолибони бо мукофотҳо сарфароз гардиданд

Дар доираи силсилачорабиниҳои “Соли ҷавонон”, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар таътили тобистона якчанд мусобиқаҳои варзиширо байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор намуд. Дар мусобиқаҳои мазкур 16 даста байни ҳам рақобат намуданд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол байни писарон ва баскетбол миёни духтарон ба анҷом расида, ғолибон аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо сазовор ҷашн гирифтани “Соли чавонон”, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба машғулиятҳои варзишӣ фаро гирифтани мактаббачагон дар таътили тобистона мебошад.

20.07.2017 ҚӮРҒОНТЕППА: Ҷавонон барои риояи талаботи қонуни танзим даъват шуданд

15 июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҷавонон мулоқот доир шуд. Зимни ин вохӯрӣ масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва сархатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа сухаронӣ намуда, сокинонро барои гузоштани саҳми худ дар татбиқи қонуни мазкур ва амал намудан дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат даъват намуданд. Ин гуна мулоқот дар асоси дастури Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоатҳои шаҳр идома доранд.

18.07.2017 ДУШАНБЕ: Ҷавонон барои татбиқи қонуни танзим масъулияти бештар доранд

17 июл дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷавонони Душанбешаҳр баргузор гардид. Дар ҳамоиш намонядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, кор бо занон ва оила, Маркази тадқиқоти стратегӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар ҳақиқат, бо амалӣ гардидани қонун дар сатҳи хонаводаи ҳар як сокини кишвар […]

18.07.2017 МУРОҶИТАНОМАИ иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе

  вобаста ба ҳамовозӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 – солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш.Душанбе,                                                                                                                                     […]

Варзиш

20.07.2017 ҚӮРҒОНТЕППА: 2 майдончаи варзишӣ кушода шуд.

18 июл аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Қӯрғонтеппа 2 майдончаи варзишии замонавӣ барои бозии футболи хурд ва дигар шароитҳои мусоид барои истифодабарии ҳаррӯзаи варзишгарон ба истифода дода шуд. Дар кушодашавии майдончаҳои варзишӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷамолиддин Исматуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба ифтихори кушодашавии майдончаҳои варзишӣ ва бахшида ба “Соли ҷавонон”, аз тарафи Федератсияи футболи вилояти Хатлон мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд байни наврасони солҳои таваллуди ‎2003-2004 доир шуд.

17.07.2017 Ғалабаи тими “Парвин” бар “Шоҳин”.

12 июл дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бохтар байни тимҳои футболи “Парвин”-и ноҳияи Бохтар ва “Шоҳин”-и ноҳияи Муъминобод мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар ин дидори дӯстона тими “Парвин”-и ноҳияи Бохтар бо ҳисоби 1:0 ҳарифашро мағлуб намуд. Айни ҳол дастаи “Парвин” тибқи ҷадвали бозиҳои лигаи дуюм миёни тимҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар зинаи якум қарор дорад.  

10.07.2017 Дилшод Назаров бори чорум қаҳрамони Осиё шуд.

XXII Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки 6 июл дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон оғоз гардида буд, ба анҷом расид. Варзишгари маъруфи кишвар, Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ бори чорум Қаҳрамони Осиё шуд. Дилшод Назаров ин навбат гурзро ба дурии 76 метру 69 сантиметр ҳаво дод. Мақоми дуюм бо натиҷаи 73 метру 81 сантиметр насиби Шизу Ванги чинӣ гардид. Медали биринҷиро бо натиҷаи 73 метру 77 сантиметр Ювунчул Ли аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиб шуд. Ин ягона медали тими Тоҷикистон дар ин чемпионат аст. 6 варзишгари дигари Тоҷикистон – Даврон Атабоев дар сабқати дав (масофаи 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (400 метр ва 400 метр бо […]

01.07.2017 Бадӣ вуҷуд дорад?.

  Профессори Донишгоҳ хост исбот намояд, ки мавҷудияти Худованд афсонае беш нест ва ба донишҷӯён чунин суол дод: – Ба фикри шумо ҳама чиз офаридаи Худованд аст? Яке аз донишҷӯён қотеона гуфт: – Бале, ҳама чиз офаридаи Худованд аст. – Ҳамаро Худо ҳаст кардааст? – боз пурсид профессор. – Бале, ҷаноб, – ҷавоб дод донишҷӯ. Профессор гуфт: – Агар ҳама чиз офаридаи Худованд бошад, пас бадиро низ Ӯ офаридааст. Чун дар ниҳоди ҳар яки мо бадӣ вуҷуд дорад, пас Худованд худи ҳамон бадӣ аст. Донишҷӯ аз шунидани ин суханҳо хомӯш монд. Профессор аз худ қаноатманд гашт ва ба донишҷӯён таърифу тавсифкунон гуфт, ки ӯ тавонист бори дигар исбот созад, ки […]

30.06.2017 Мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми Нуралӣ Одинаев.

Имрӯз, 29 июн, дар толори варзишии Донишгоҳи славиянии Русияву Тоҷикистон, бахшида ба 80-солагии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Довари дараҷаи байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба валейбол миёни ҷавондухтарон баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо сабқати тимҳои ҷавондухтарони вилоятҳои Хатлону ВМКБ оғоз шуд ва ин мусобиқа панҷ рӯз идома меёбад. Дар ифтитоҳи чорабинӣ Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳ ҳозиринро хайрамақдам намуда, Нуралӣ Одинаевро ба муносибати 80-солагияшон табрик намуд ва ба варзишгарон муваффақият таманно намуд. Назарзода Ризо, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтхорномаи Кумитаро аз номи Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда […]

Сайёҳӣ

26.05.2017 Ноҳияи Ашт: Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо”

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, имрӯз 26 майи соли 2017 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” бо иштироки масъулини соҳа, ширкатҳои туристии ватанӣ, соҳибкорону ҷавонони ҳавасманд дар риштаи туризм баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона иштирок ва суханрони намуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин Конфронсҳо муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омўзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки ҳарчанд вилояти Суғд бо имкониятҳои бузурги рекреатсионӣ ба бренди сайёҳӣ миёни туристон маъруф гашта бошад ҳам, вале […]

18.05.2017 18 май даромадан ба осорхонаҳо ройгон мешавад

Дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 18 майи соли ҷорӣ баргузории “Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо” баргузор мегардад, ки сокинони кишвар метавонанд тамоми осорхонаҳои қаламрави ҷумҳуриро ройгон тамошо кунанд. Ҳамзамон, санаи 18 май дар Осорхонаи миллӣ аз соати 18:00 то 22:00 чорабинии фарҳангӣ-фароғатии “Шабе дар осорхона” баргузор мегардад. Иқдоми мазкур бахшида ба “Соли ҷавонон” аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Осорхонаи миллӣ, бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон ба нақша гирифта шудааст.

17.05.2017 Норак: Баргузории Конфронси миллии сайёҳӣ

17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Норак дар заминаи оғози мавсими туристӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади татбиқи босамари “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” Конфронси миллии сайёҳиро таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур масъулини Кумита, коршиносони соҳа, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, соҳибкорони ҷавон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Ҳадафи аслии Конфронс муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омўзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ва баррасии имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон аз лиҳози рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ […]

11.05.2017 Даромад ба осорхонаҳо 18 май ройгон аст!

18 майи соли 2017 даромад ба осорхонаҳо ройгон мешавад…. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон ” эълон гардидааст. Дар ин замина, Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Осорхонаи миллӣ бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 18 майи соли 2017 баргузории “Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо” ва дар ҳамбастагӣ бо МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар осорхона» ба нақша гирифтааст. Мавриди зикр аст, […]

11.05.2017 Ифротӣ ва шикваи бесуботӣ

Раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар ҳошияи сафари ахири худ ба Лаҳистон, ки барои ширкат дар ҳамоиши «Чаро тоҷикон аз кишварашон фирор мекунанд?» иштирок карда буд, бо чанде аз рӯзноманигорон суҳбат намуда, оид ба мамнӯъ эълон шудан ва ифротӣ гардидани пайравонаш гуфтугӯи бемаврид кардааст. Рӯзномаи “Gazeta Prawna”-и Лаҳистон зимни мусоҳибаи бо Муҳиддин Кабирӣ анҷомдодааш нахуст аз марҳилаи нави фишору таъқиб болои наҳзат пурсон мешавад. Кабирӣ бошад ҳарфро аз интихоботи порлумонии соли 2010 оғоз намуда, бо такя ба гуфтаҳои нозирони байналмилалӣ ҳизбашро дорои раъйи бештар меҳисобад, ҳарчанд ҳафт дарсади раъйро ба даст оварда, ду курсӣ дар порлумон гирифта буд. Вай мегӯяд, “Ҳукумат бо […]