73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш

Барномаи зинаи аввали таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва маҳфилҳои беруназдарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Дастури мурабиён барои зинаи аввали таёрии варзиши

Ҷавонон

22.11.2017 Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо муҳассилини муассисаи таълимии “Чароғи ҳидоят”

Шоми имрӯз 21.11.2017 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша чорабиниҳои муштарак бо  Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи чорабиниҳои “Соли ҷавонон” мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода  бо муҳассилини муассисаи таълимии “Чароғи ҳидоят” баргузор гардид. Зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани  мавқеи зан – модар  дар ҷомеа, дастгирии занону духтарони кӯҳистон чораҳои муассир андешида,   ин қишри муҳими ҷомеаро  пайваста дастгирӣ менамоянд. Таъсис ёфтани квотаҳои Президентӣ барои ҷалби ҷавондухтарони кӯҳистон ба таҳсил намунаи олии таваҷҷӯҳи  Роҳбарияти олии сиёсии кишвар нисбат ба […]

22.11.2017 Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат

Санаи 21.11.2017  дар маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии Маҳфили  омӯзишии “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо иштироки ҷавонони фаъоли вазорату идораҳо, хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни ташаббускори  муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар  баргузор гардид. Дар кушодашавии маҳфил Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, иброз намуданд, ки “Дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон беназир аст. Ҳанӯз дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ Пешвои ҷавонпарвари миллат ба ин қишри ояндасоз таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, то имрӯз аз ҷониби […]

18.11.2017 Қӯрғонтеппа: Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори  ҷавонон  

Рўзи 17 ноябр бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба муносибати 25 солагии Иљлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумњурии Тоҷикистон дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори ҷавонон” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ кормандони Раёсати кор бо ҷавонон, олимони ҷавон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва волонтёрони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд. Бобоев Беҳӯз корманди Раёсат зимни суханронӣ иброз намуд, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали роҳбариашон ба нерӯву қудрати ҷавонон боварии комил доштанд. Дастгириҳои пайваста ва фароҳам овардани шароитҳои муносиб  барои донишандӯзии ҷавонон сабаб гардиданд, ки имрӯз ҷавонон дар рушду нумӯи кишвари азизамон, бо ташаббусҳои созанда ва ифтихори миллӣ […]

18.11.2017 Пешвои миллат – ифтихори мо

Санаи 16 ноябри соли 2017  дар асоси Нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аксияи  тарғиботӣ – ташвиқотӣ таҳти унвони “Пешвои мо – ифтихори мо” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр  аз қабили боғҳои  ба номи Камоли Хуҷандӣ,  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва хиёбони Раҳмон Набиев ташкил ва баргузор карда шуд. Бояд зикр намуд, ки дар аксияи мазкур зиёда аз 500 адад нишонаи сарисинагӣ ва 300 адад тақвими кисагӣ ба наврасону ҷавонон ва сокинон  тақсим карда шуд.

18.11.2017 Кӯлоб: Ҷавонон пайрави Пешвои миллат

Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ 25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби  бостон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ, варзишгарон ва сокинони маҳал  ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, кумитаҳои кор бо занон ва оила, дин танзиму  анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, суд, пракратура иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки […]

Варзиш

21.11.2017 Силсила чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои оммавӣ – варзиширо ба нақша гирифтааст. Чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” санаи 24 ноябр доир мегардад. Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардида, сокинон метавонад дар машқҳои паҳогирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мегардад ширкат намоянд. Марафони велосипедронӣ ва […]

18.11.2017 Бӯстон: Мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 25- умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид, ки дар он наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бӯстон роҳандозӣ гардида, мусобиқоти футболи хӯрд ва волейбол байни  дастаҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби аъзои тадорукот тақдим гардид.

16.11.2017 Истиқболи наврасону ҷавонон аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо шукргузорӣ азсоҳибистиқлоли кишвари азизамонтаҳти сиёсати варзишпарваронава ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст. Кумита дар асоси Нақша чорабиниҳо бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонсанаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш 363 чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва солимгардониро ба нақша гирифтааст. Бо мақсади амалигардонии наќшаи тасдиқгардида субҳи имрӯз машқҳои пагоҳирӯзӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар  бо ҷалби наврасону ҷавонон ва сокинони маҳал  оғоз гардид.

15.11.2017 9 намуди варзиш манъ шуд.

3 ноябар дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба масъалаи “Дар бораи тасдиқи намудҳои варзише, ки дар муассисаҳои варзишӣ оид ба онҳо ташкил намудани гурӯҳҳо манъ мебошанд” мизи мудаввар баргузор шуд. Дар мизи мудаввар 9 намуди варзиш: бокси касбӣ, греплинг, зӯрозмоиҳои универсалӣ, К-1, муҳорибаҳои омехта (ММА, UFС, MIXFIGHT), муҳорибаи ҷанги дастӣ, муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастӣ, ню-фулл контакт ва панкратион, ки минбаъд ташкили гурӯҳҳо аз рӯи ин намудҳо дар муассисаҳои варзишии давлатие, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд қатъ гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни суҳбат иброз дошт, ки Кумита лоиҳаи фармоишро дар […]

14.11.2017 Истиқболи Беҳрӯз Хоҷазода.

Имрӯз соати 2:20 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хоҷазода Беҳрӯз бо ҳамроҳонаш пас аз анҷоми мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия бо иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон баргузор гардид, баъди ба даст овардани ғолибият ба Тоҷикистони азиз фуруд омад. Дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, қаҳрамони бозиҳои олимпии Бразилияи 2016 Дилшод Назаров, раиси ноҳияи Варзоб, мурабиёни шинохтаи кишвар, ҳаводорони гуштин, мухлисон, варзиши тоҷик ва садҳо нафар мухлисону ҷавнон иштирок доштанд. Нахуст, чун анъанаи миллати тоҷик ба қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи милливу тоқӣ пӯшонида, бо гулу гулдастаҳо, рақсу сурур ва хурсандиву  нишод […]

Сайёҳӣ

03.04.2017 Таҳлил ва баҳодиҳии Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017

Санаи 31 марти соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи гуруҳи байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳӣ (мониторинг ва арзёбӣ)-и барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2017 ва иҷрои банди 3 Нақшаи кории гуруҳи байниидоравӣ натиҷаи татбиқи бандҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №738 тасдиқ шудааст, барои солҳои 2015-2016 ва семоҳаи якуми соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қобили тазаккур аст, ки Барномаи мазкур дар заминаи ҳадаф ва вазифаҳои Консепсияи  рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели […]

28.03.2017 Пойтахт мизбони cилсила чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар Соли ҷавонон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо дастури бевоситаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2017, №25670/26 ҳамчун ҳамоҳангсози чорабиниҳо шурўъ аз 1 апрели соли равон дар боғҳои “Ирам”, “Рўдакӣ”, “Парчами давлатӣ”, “Нишони давлатӣ” ва “Дўстӣ”-и  шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ ҳар ҳафта дар рўзҳои шанбе якшанбе то охири сол дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ силсила-чорабиниҳои фарҳангиро баҳри ғанӣ гардонидани маънавиёти сокинони пойтахт ва таъмини истироҳату саёҳати онҳо, махсусан ҷавонон баргузор менамояд. Дар баробари дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гўшаи туристӣ барои дўстдорони сайру саёҳат ва намоиши маҳсули ҳунармандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла […]

20.03.2017 Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ”

  20 март бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи миллӣ иштирок намуданд. Нахуст, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, иброз дошт, ки ҳадафи чорабинии имрӯзаи мо низ муаррифии бузург ва шаҳомати ҷашани Наврӯз ҳамчун соли нави мардуми ориёӣ бо расму оинҳои таърихӣ […]

16.03.2017 Анонс: Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ”

20 марти соли 2017, соати 9.00 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур масъулини Кумита, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, ширкат меварзанд. Ҳадафи аслии Конфронс ба пешвози ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат мебошад, ҳамзамон тарғибу ташвиқи мероси бойи таърихию фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, анъана […]

16.03.2017 Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ

16 марти соли ҷорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies» баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар самти соҳаи сайёҳӣ матраҳ гардид. Аҳтам Абуллозода аз имкониятҳои сайёҳие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд ёдовар шуда, аз ҷумла зикр кард, бо дарназардошти табиати биҳиштосо ва кӯҳҳои осмонбӯсу кӯлу дарёҳои зебо, сол то сол ба к ишвар ташрифи сайёҳон афзуда истодааст. «Агар дар соли 2015 аз 59 кишвари дунё сайҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овара бошанд, пас ин шумора дар соли 2016 ба […]