734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Варзиш

Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

ҚҶТ Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш


Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тайёрии варзишӣ

ҚҶТ Дар бораи тайёри варзишӣ


Қонуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи варзиши кўдакон ва наврасон

ҚҶТ Дар бораи варзиши кўдакон ва наврасон


 

Ҷавонон

14.10.2019 Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 23 456 адад чорабинӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 доир гардидааст

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушвораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019 доир гардид. Зикр гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи эълони солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, амалигардонии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди инкишофи варзишро тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, иттилоотиву […]

10.10.2019 Нақши занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Дар қисмати мазкур аз ҷониби коршиносони соҳа масъалаи нақши занон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шунида мешавад.   Ёдовар бояд шуд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шудааст, ки ин барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминагузорӣ менамояд.   Дар қисмати мазкур Амонзода Ширин – муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, Раҳимзода Умед – Директори КВД […]

10.10.2019 Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар

Дар сексияи Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар низ аз ҷониби коршиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, саҳми занону бонувони кишвар дар ин маврид шунида шуд.   Бешубҳа, имрӯз нақши бонувон дар рушди соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ карда мешавад. Бо роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони кишвар дар рушди соҳибкорӣ нақши назаррас дошта, онҳо дар тиҷоратҳои хурду бузурги кишвар саҳмгузор мебошанд.   Дар кори сексияи мазкур Ҷўразода Тоҷиддин – муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Ҷумњурии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Рањимзода Шариф –раиси Кумита оид ба […]

10.10.2019 Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон

Пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон – масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии ҷомеаи имрӯза буда, масъалаи зуроварӣ, таҳкими рукнҳои оиладорӣ, омилҳо ва роҳҳои устувории оилаҳои ҷавон мавриди омӯзиши амиқ қарор дода шуда, ҷиҳати пешгирии ин омил дар ҷомеа таклифу пешниҳодҳо шунида шунида шуд.   Дар қисмати мазкур, Марњабо Олимӣ – муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, Азиза Ҳамидова –Роҳбари ташкилоти СММ Занон, Раҷабзода Равшан – муовини раиси Кумита оид ба масъалањои иҷтимоӣ, оила ва њифзи саломатии МНМОҶТ, Бобоҷониён Раъно –муовини Раиси ҲХДТ, Сироҷзода Саодатбибӣ –сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барно Саидвализода –муовини […]

10.10.2019 Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия

  Дар сексияи сеюми Форуми ҷумҳуриявии занониу ҷавондухтарон коршиносони соҳа ва олимону муҳаққиқон масъалаи “Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия” -ро ҳам аз лиҳози илмӣ ва назарявӣ мавриди баррасии амиқ қарор дода, ихтирооту дастовардҳои занону бонувони кишварро дар ин давра барои бонувон назаррас арзёбӣ намуданд.   Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи соҳаҳои гуногуни маориф ва рушди илму инноватсия дар кишвар фароҳам оварда шуда, занону бонувони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гардида, ихтирооту дастовардҳои зиёде ба даст овардаанд. Ёдовар бояд шуд, ки аз ҳисоби занон шумораи олимону ихтироъкорон […]

Варзиш

14.10.2019 Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 23 456 адад чорабинӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 доир гардидааст.

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушвораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2019 доир гардид. Зикр гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи эълони солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 баҳри таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, амалигардонии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди инкишофи варзишро тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ, иттилоотиву […]

14.10.2019 6 медали варзишгарони тоҷик аз Чемпионати чаҳон.

11-13 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд. Дар чемпионат 370 варзишгар аз 28 давлат: Арманистон, Белорус, Булғория, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 нафар миёни наврасон, 7 нафар миёни ҷавонон – бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар чемпионат ширкат намуда, ба гирифтани 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд. Медали тиллоро Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни -74кг миёни ҷавонон ба даст овард. Миёни ҷавонон, ҳамчунин […]

10.10.2019 Санаи бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон маълум гардид.

Бозиҳои даври нуздаҳуми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон 20 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Дар ин даври мусобиқот дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Истаравшан», «Панҷшер» бо  «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бо ҳам вомехӯранд.  Бояд  хотирнишон кард, ки  бозиҳои даври ҳаждаҳуми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  моҳи октябр дар сатҳи  олӣ баргузор шуданд.   Дар бозии марказии даври мусобиқоти мазкур дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар майдони худ аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти чемпиони  Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола мебошад. Дар се бозии дигари даври ҳаждаҳум  дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо […]

10.10.2019 Ғалабаи Нилуфар Бобоёрова дар Чемпионати ҷаҳон.

Варзишгари тоҷик Нилуфар Бобоёрова рӯзи душанбе бар Чаҳира Селмунаи алҷазоирӣ ғалаба карда, ба даври чаҳорякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон баромад. Рақобат бо ҳисоби 3 бар 2 ба нафъи муштзани тоҷик хотима ёфт. «Мо пеш аз чемпионати ҷаҳон бисёр тамрин намудем. Ва хеле шодам, ки имрӯз ғалаба ба даст овардам. Ин бори аввал аст, ки дар чунин мусобиқа иштирок мекунам ва албатта, на ҳама корҳоям самарабахш буданд», — изҳори таассурот кард варзишгари тоҷик пас аз рақобат. «Ташаккур ба мухлисон барои чунин дастгирии гарму самимӣ. Ман онро ҳис кардам ва кӯшиш намудам, ки бокси зебо нишон диҳам», — гуфт ӯ. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки бори аввал аст дар […]

10.10.2019 Шаш медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё.

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд. Дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва навҷавонон дар Чолпон-Ота беш аз 250 нафар варзишгар аз ҳашт кишвар — Тоҷикистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Непал ширкат карданд. Онҳо барои 32 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон мубориза бурданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 нафар (10 писар, 1 духтар) дохил буд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати навҷавонон 2 медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гирифтанд. Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило миёни писарон ва Шоҳида […]

Данная рубрика не содержит информаций