73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Қонунгузор

Ҷавонон

12.06.2018 Мо – ҷавонон пайравони Пешвои миллатем

11 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов», Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мо ҷавонон – пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, собиқадорони соҳа, фаъолҷавонони ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, устодону донишҷўёни муассисаҳои оливу миёна,ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо, фестивалҳо ва чорабинҳои фарҳангиву варзишӣ иштирок намуданд. Дар ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо ҷавонони шаҳри Душанбе иқдомҳои наҷибонаи Роҳбари давлатро ҷонидорӣ намуда, чун пайравони асили Пешвои миллат […]

11.06.2018 Баргузории силсиламулоқотҳо дар ноҳияи Айнӣ

Баргузории силсила мулоқотҳо дар пайгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои маҳбуби кишвар аз руи принсипи “Маҳал ба маҳал” ва “Деҳа ба деҳа” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бо фарогирии зиёда аз 900 нафар ҷавонону наврасон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.           Тавре иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Зарафшон, деҳаи Дардар ва дар маркази ноҳияи Айнӣ мулоқоти масъулини Кумита ва волонтёрон бо сокинони фаъоли ҷамоату деҳоти Айнӣ, варзишгарону мураббиён ва рмӯзгорони ноҳия баргузор гардид.           Ҳамзамон, дар маркази ноҳияи Айнӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Солимӣ  мароми мост” бо ҷалби […]

11.06.2018 Хоруғ: Ҳаёти солим интихоби мост!

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди Бозори марказии шаҳри Хоруғ аксияи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони «Ҳаёти солим интихоби мо” баргузор гардид.  Аксияи мазкур дар заминаи мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар мулоқот  бо намояндагони ҷомеаи кишвар рузи 12 майи соли 2018  дар Кохи Борбад  зикр гардидаанд, баргузор гардид.   Аз тарафи волонтёрон  ба сокинон ва меҳмонони Хоруғ маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди пешгирӣ намудани нашъамандиву нашъаҷалобӣ, ВНМО-БПНМ ва дигар касалиҳои сироятӣ тақсим карда шуд.

11.06.2018 Баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар 46 шаҳру ноҳияи мамлакат

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар пайгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои маҳбуби кишвар тасмим гирифтааст, ки аз санаи 11 июн то 25 июни соли 2018 дар тамоми ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои  кишвар аз руи принсипи “Маҳал ба маҳал” ва “Деҳа ба деҳа” корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, вобаста ба пешгирии беморихои сироятӣ: ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), мубориза бо ифротгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ, таҳдидҳои замони муосир инчунин тақлиду бегонапарастии наврасону ҷавонон ва сокинон баргузор намояд. Бо ин мақсад субҳи 11 июни соли ҷорӣ гуруҳи васеи кормандон, ҷавонони фаъол […]

09.06.2018 Ҳифзи Ватан – рисолати мо ҷавонон

Бо мақсади ҳавасманд намудани сарбозон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо ва ҷиҳати шиносои пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии хизматчиёни ҳарбӣ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аёдати сарбозони қисми ҳарбии 14356 баргузор гардид. Чорабиниро муовини командири қисми ҳарбии 14356 подполковник Одиназода З. ҳусни ифтитоҳ бахшида, вобаста ба ҳамкории судманд бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ёдовар шуд. Сипас, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ф.Ҳоҷиев кулли ҳайати шахсии қисми ҳарбии 14356 –ро бо фарорасии ҷашни 21 солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар бораи саҳми Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойдории Ваҳдати миллӣ, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати […]

Варзиш

14.06.2018 Дилшод Назаров аввалин медали худро дар соли 2018 соҳиб гардид.

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров,  чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи навбатии силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» сазовори медали биринҷӣ шуд. Мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ («Janusz Kusocinski Memorial») 8 июн дар шаҳри Чорзуви Полша доир гардид. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби полякҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид. Силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Мусобиқаи якум дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Япония мизбони мусобиқаи варзиши сабук гардид (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард. Дилшод Назаров ҳамчунин […]

13.06.2018 Иштироки варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё.

Аз  13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон  чемпионати  Осиё  оид ба каратэ – кёкушинкай баргузор мегардад, ки дар ин  чорабинии варзишӣ Тоҷикистонро 9 нафар варзишгар муаррифӣ хоҳад кард. Имрӯз дастаи мантхаби Тоҷикистон бо роҳбарии  Кароматов Аскарҷон барои иштирок дар чемпионати Осиё озими Қазоқистон шуданд. Ҳайати варзишгарони тоҷик Алӣ ибн Муҳаммад, Умедҷони Тоҷиддин, Амонов Аюбҷон, Роланд Глоклер, Ҳоҷизода Фарангис, Сайфиддинзода Ҳусейн, Ниёзов Билол, Кароматов Фирӯз ва Кароматов Сироҷиддин  дар вазнҳои 35, 40, 45, 55, 65, 70 ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

13.06.2018 Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Шафақ.

Субҳи имрӯз  дар маҳаллаи Шафақи шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, баскетбол ва волейбол ба истифода дода шуд. Ин иқдом бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ободкоронаи раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ободу зеботар гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе амалӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи майдонча, ки аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи барномаи “Олимп Осиё”-и Шӯрои олимпии Осиё сохта шуд, Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ […]

11.06.2018 Муддаиёни асосии Ҷоми ҷаҳон-2018.

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки имсол дар кишвари Русия доир мегардад, маротибаи ХХI-умини баргузориаш ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳар чор сол як маротиба гузаронида шуда, барои роҳхат пайдо намудан ба он 209 давлат мубориза мебаранд. 18 марти соли 2009 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) барои ба даст овардани мизбонии Ҷоми ҷаҳон-2018, 11 кишвар – Русия, Австралия, Англия, Индонезия, Мексика, ИМА, Ҷопон, Португалия ва Испания ( аризаи муштарак), Белгия ва Нидерландия (аризаи муштарак) номзад шуда буданд. 2 декабри соли 2010 дар конгресси ФИФА Русия аз миёни панҷ давлат бо гирифтани нисфи овозҳо мизбонӣ Ҷоми ҷаҳон-2018 интихоб шуд, ки ин бори нахуст дар таърихи кишвари мазкур буда, […]

11.06.2018 Дастаи «Панҷшер» бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор пирӯз гардид.

Дар бозии охирини даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар меҳмонӣ бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури мухлисони сершумор ҷолибу диданӣ баргузор гардид. Дар ин дидор ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуданд. Ҳисобро бозингари мизбонон Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 57-ум аз пеналти боз кард. Баъдан Хайриддин Турахонов дар дақиқаи 70-ум ва Ҳасан Холов дар дақиқаи 73-юм ба дарвозаи «Барқчӣ» ду гол зада, бозиро ба нафъи дастаи футболи «Панҷшер» анҷом доданд. Зимнан, ин пирӯзии дуюми дастаи «Панҷшер» ва бохти нуҳуми дастаи «Барқчӣ» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои […]

Сайёҳӣ

Данная рубрика не содержит информаций