73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Роҳбарият

Абдуллозода Аҳтам Рустам 

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуллозода Аҳтам

31 октябри соли 1980 дар деҳаи Андароби ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ гаштааст.

Солҳои 2002-2007 дар вазифаҳои мушовири ҳуқуқии Маркази истеҳсолию тиҷоратии «Иқлим» ва машваратчии ҳуқуқии ҶДММ «Юнитекс» фаъолият намудаст. Соли 2007 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири бахш, муовини мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ ва аз моҳи январи соли 2014 сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014 ба вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаст.

Рутбаи ҳарбии подполковник дошта, бо медалҳои ҷашнии «80-солагии Ташкилоти мададгори мудофиа», «85-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «85-солагии милитсияи Тоҷикистон»,«15-солагии Гвардияи миллии Тоҷикистон» ва “20 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Соли 2016, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

Ӯ ҳамчунин Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва узви  Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

Назарзода Ризо Шодӣ

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назарзода Ризо

28 июли соли 1988 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси муаррих, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ гардид.

Айни замон дар бахши чоруми факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит (ғоибона) таҳсил намуда истодааст.

Солҳои 2007 – 2013 дар вазифаҳои мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, вакил ва муовини аввали раиси Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, муовини роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонон”-и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият намудааст.

Солҳои 2013 – 2014 ба ҳайси сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кор кардааст.

Ҳамзамон, солҳои 2010 – 2014 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад.

Аз 21 феврали соли 2014 то 23 январи соли 2017 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017, №14 ба вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардидааст.

Бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2016, № 723 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 30 декабри соли 2016 бо мукофоти “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.

Амирбекзода Ҳабибулло

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳаи кор бо ҷавонон)

Амирбекзода Ҳабибулло

7-уми октябри соли 1979 дар ҷамоати деҳоти Дарагиёни ноҳияи Файзобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Соли 1996 мактаби миёнаи №60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бо баҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ дохил шуда, соли 2001 онро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ хатм намудааст.

Сипас, соли 2001 бо роҳхати ДДМТ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафта, то соли 2008 дар вазифаҳои котиби маҷлиси судӣ, мутахассиси дараҷаи аввал оид ба парвандаҳои гражданӣ, ёрдамчии Раис, мушовир, сардори шӯъбаи арзу шикоятҳо, Сардори шўъбаи ҷамъбасткунӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ фаъолият намуда, аз соли 2008 то соли 2010 дар вазифаҳои мутахассис, сармутахассиси шўъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон ва сармутахассиси шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, аз соли 2010 то соли 2015 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Ҳамзамон, соли 2010 ба факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (маълумоти дуюм) дохил шуда, соли 2013 онро хатм намудааст.

Инчунин, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ: ҷанбаҳои умумии назариявӣ» кори илмӣ намуда истодааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2015 ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Назаров Дилшод Ҷамолиддинович

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳаи варзиш)

Назаров Дилшод

6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), ҷойи дуюм дар Бозиҳои Африқоиву Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005), ҷойи дуюм дар чемпионатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007), қаҳрамони Осиё (Чин, 2009, Ҳиндустон, 2013), ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё дар Қатар (2006), Чин (2010) ва Корея (2014), ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008), Лондон (2012), Рио – де- Женейро (2016) ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013), рекорди инфиродӣ: 80 метру 31 сантиметр (2013).

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ Рио – де – Женейро 2016.

Дорандаи медали Шараф дараҷаҳои 1 ва 2.

Раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2014 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Оиладор, соҳиби cе фарзанд.

Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

image-0-02-05-d5fa6ab36802a6dae67325ecdd4bbaf595a4e7eef12aff49d6637cdcfae23a36-V23 октябри соли 1989 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро  бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос гардидааст.

Аз моҳи январ то августи соли 2012 ҳамчун хабарнигори рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” фаъолият намудааст. Сипас солҳои 2012 то 2015  ба ҳайси омӯзгори кафедраи Назария, таърихи давлат ва ҳукуқ ва кафедраи Ҳуқуқи конситутсионии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи август то сентябри соли 2015 дар вазифаи сардори Раёсати рушди туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият намуда, баъдан аз моҳи сентябри соли 2015 то 23 январи соли 2017 дар вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолияти худро идома додааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017, № 15 ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ҳамчунин Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз соли 2011 то 2013 раиси Шӯрои духтарони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демокоратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва аз соли 2014 то 2015 ба ҳайси раиси Шӯрои духтарони вилояти Суғд фаъолият бурдааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Ҷавонон

26.05.2017 Ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар меҳмони ҷавонони Ҳисори бостонӣ

Бо иқдоми навбатии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сарпарасти чорабиниҳои “Соли ҷавонон” Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 24 то 26 майи соли равон меҳмонии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Ҳисори бостони таҳти унвони “Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллатем ” доир гардид. 25 нафар ҷавонони шаҳри Кӯлоб дар рӯзҳои меҳмони бо хонандагони Литссейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати вохӯри баргузор намуданд, инчунин аз боғҳои маъмули гелос, Калъаи Ҳисор боздид ба амал оварданд, ки ин ба сатҳи маълумотнокии онҳо заминаи мусоидеро фароҳам оварда ба ин васила аз ҳаёту фаъолият ва пешравиҳои сокинону ҷавонони шаҳри бостонии Ҳисор огаҳи пайдо намуданд. Дар доираи меҳмонии ҷавонон баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғати низ доир гардид, ки дар он […]

26.05.2017 Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон

Имрӯз, 26 май, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Конференсияи ҷумҳуриявии олимону муҳаққиқони ҷавон зери унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Академияи илмҳои кишвар, роҳбарони муассисаҳои олии мамлакат ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок ва суханронӣ намуданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати ҷавонон дастгирии ташаббусҳои онҳо беш аз пеш афзуда, нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасанд. […]

24.05.2017 Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм

Як гуруҳ ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, 22 май аз маркази ноҳия бо шиору овезаҳои «Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм», «Мо терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем», «Ҷавонон – муҳофизи дастовардҳои истиқлолият» роҳпаймоӣ карданд. Баъдан дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов, бо иқдоми бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритуз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонон ва сокинони деҳа чорабинӣ таҳти унвони «Ҷавонон зидди ифротгароӣ ва терроризм» доир намуданд. Дар чорабини муовини раиси ноҳия Анзурат Абдусаломзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, Фаррух Турақулов, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Ҳамдамзода Валихон, […]

23.05.2017 Ҳамоиши ҷавонон  таҳти унвони «Мо насли истиқлолем!»

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз соли 1997 то инҷониб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ доир мегардад. Боиси хушбахтист, ки зимни ироаи Паёми хеш Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ  соли 2017 – ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд ва имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Соли ҷавонон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба мутантан таҷлил намудани Соли ҷавонон Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017 № АП – 833 тасдиқ гардида дар доираи он чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, маърифатӣ – зеҳнӣ […]

23.05.2017 Муроҷатномаи ҷавонону варзишгарони Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муроҷатномаи ҷавонону варзишгарони Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   Ҷавонони саодатманди Тоҷикистони азиз огоҳ ҳастанд, ки Пешвои муаззами мо ба хотири ояндаи дурахшони миллати тоҷик сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ барқарор карда, Ватанамонро аз вартаи фалокат наҷот доданд ва бо ташаббуси наҷибу созандаи худ кишвари биҳитосоямонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, мақом ва мартабаи онро баланд бардоштанд. Мо, насли ояндасози Ватан беш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми азму кори хеш ба нерӯи тавонбахши ҷавонони мамлакат такя намуда, баҳри ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои судманд меандешанд ва ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ менамоянд. Ин амали некбинонаи […]

Варзиш

21.05.2017 Иштироки 426  ҳазору 931 нафар дар рӯзи “Дави миллӣ” бахшида ба Соли ҷавонон.

Субҳи имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рӯзи Дави миллӣ доир карда шуд. Дар дави мазкур 426 ҳазору 931 нафар сокинони касбу кори гуногуни кишвар, аз ҷумла 132 ҳазору 215 нафар бонувон иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Фармони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рўзи Дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он доир мегардад. Имсол 10- умин сол аст, ки рӯзи  Дави миллӣ дар кишвари азизамон дар як фазои мутантан бо иштироки васеи ҷомеа баргузор мегардад, ки ин […]

20.05.2017 Иштироки 1143 нафар дар Веломарафони ҷумҳуриявӣ.

Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Веломарафони ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар чорабинии мазкур 1143 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш, ки синну соли мухталиф доштанд иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ, ки дар майдони Дӯстӣ назди муҷассамаи И.Сомонӣ баргузор гардид, роҳбарияти Кумитиа ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.  Сипас варзишгарон тибқи хатсайр аз майдони Дӯстӣ- назди муҷассамаи И.Сомонӣ то дидбонгоҳи БДА (Чорбоғ) байни худ рақобат намуданд. Дар охир ғолибони чорабинии варзишӣ бо диплому сипосномаҳо, велосипед, ва туҳфаҳои хотиравии […]

19.05.2017 Мусобиқаи футбол бахшида ба “Соли ҷавонон”.

Дар шаҳри Турсунзода чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ бахшида ба “Соли љавонон” идома дорад. Дар доираи ин чорабиниҳо як мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 19 гуруҳи литсейи мазкур иштирок  намуданд. Мусобиқаи футбол дар сатҳи баланд доир гардида, ҷои якумро футболбозони гуруҳи 18-ум, ҷои дуюмро гурӯҳи 10-ум ва ҷои сеюмро донишҷӯёни  гуруҳи 17-ум ишғол намуданд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.  

17.05.2017 Ғолибони гӯштини миллӣ байни донишҷӯён.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2017 бахшида ба “Соли ҷавонон” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13 майи соли 2017 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 5 даста аз Душенбе 1, Душенбе 2, Суғд, Хатлон 1, Хатлон 9, иборат аз 49 нафар байни худ қувваозмои намуданд. Варзишгарон аз рӯи вазнҳои 60кг, 65кг, 70кг, 75кг, 80кг, 90кг, 100 кг ва +100кг қувваозмоӣ намуданд. Натиҷа: Дар вазни 60 кг: Ҷойи аввал – […]

17.05.2017 Ҷамъбасти  чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои соли 2017 бахшида ба “Соли ҷавонон” рӯзҳои 13-14 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук бахшида ба 20 солагии ҷашни Вахдати миллӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Дар чемпионати мазкур 234 нафар варзишгарон аз ҷумла: мардҳо: 100м, 200 м, 400м, 800м, 1500м, 5000м, 10000м, 3000м бо монеъаҳо, 110м бо монеаҳо, 400м бо монеаҳо, путк (7кг), диск (2кг), найза (800г), ядро (7кг), ҷаҳидан ба баландӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ҷаҳиши секарата, роҳгардии 20000м,4х100м эстафета, 4х400м эстафета. занҳо:100м, 200 м, 400м, 800м, […]

Сайёҳӣ

26.05.2017 Ноҳияи Ашт: Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо”

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017, имрӯз 26 майи соли 2017 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Конфронси миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” бо иштироки масъулини соҳа, ширкатҳои туристии ватанӣ, соҳибкорону ҷавонони ҳавасманд дар риштаи туризм баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона иштирок ва суханрони намуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин Конфронсҳо муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омўзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки ҳарчанд вилояти Суғд бо имкониятҳои бузурги рекреатсионӣ ба бренди сайёҳӣ миёни туристон маъруф гашта бошад ҳам, вале […]

18.05.2017 18 май даромадан ба осорхонаҳо ройгон мешавад

Дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 18 майи соли ҷорӣ баргузории “Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо” баргузор мегардад, ки сокинони кишвар метавонанд тамоми осорхонаҳои қаламрави ҷумҳуриро ройгон тамошо кунанд. Ҳамзамон, санаи 18 май дар Осорхонаи миллӣ аз соати 18:00 то 22:00 чорабинии фарҳангӣ-фароғатии “Шабе дар осорхона” баргузор мегардад. Иқдоми мазкур бахшида ба “Соли ҷавонон” аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Осорхонаи миллӣ, бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон ба нақша гирифта шудааст.

17.05.2017 Норак: Баргузории Конфронси миллии сайёҳӣ

17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Норак дар заминаи оғози мавсими туристӣ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади татбиқи босамари “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017” Конфронси миллии сайёҳиро таҳти унвони “Тоҷикистон ҷавҳари кашфношуда: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур масъулини Кумита, коршиносони соҳа, намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, соҳибкорони ҷавон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Ҳадафи аслии Конфронс муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон, омўзиши иқтидори он, беҳтар сохтани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати самаранок истифода бурдани инфрасохтори мавҷуда ва баррасии имкониятҳои қабул ва хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон аз лиҳози рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ […]

11.05.2017 Даромад ба осорхонаҳо 18 май ройгон аст!

18 майи соли 2017 даромад ба осорхонаҳо ройгон мешавад…. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон ” эълон гардидааст. Дар ин замина, Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Осорхонаи миллӣ бо мақсади рушди туризми дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон дар қаламрави ҷумҳурӣ санаи 18 майи соли 2017 баргузории “Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо” ва дар ҳамбастагӣ бо МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар осорхона» ба нақша гирифтааст. Мавриди зикр аст, […]

11.05.2017 Ифротӣ ва шикваи бесуботӣ

Раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар ҳошияи сафари ахири худ ба Лаҳистон, ки барои ширкат дар ҳамоиши «Чаро тоҷикон аз кишварашон фирор мекунанд?» иштирок карда буд, бо чанде аз рӯзноманигорон суҳбат намуда, оид ба мамнӯъ эълон шудан ва ифротӣ гардидани пайравонаш гуфтугӯи бемаврид кардааст. Рӯзномаи “Gazeta Prawna”-и Лаҳистон зимни мусоҳибаи бо Муҳиддин Кабирӣ анҷомдодааш нахуст аз марҳилаи нави фишору таъқиб болои наҳзат пурсон мешавад. Кабирӣ бошад ҳарфро аз интихоботи порлумонии соли 2010 оғоз намуда, бо такя ба гуфтаҳои нозирони байналмилалӣ ҳизбашро дорои раъйи бештар меҳисобад, ҳарчанд ҳафт дарсади раъйро ба даст оварда, ду курсӣ дар порлумон гирифта буд. Вай мегӯяд, “Ҳукумат бо […]