734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Меморандум

Ҷавонон

23.03.2019 Ғолибияти донишҷӯёни тоҷик дар Фестивали байналмилалии “Наврӯз”

Аз 13 то 21 марти соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия Фестивали донишҷӯён бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Эквадор, Албания, Туркманистон ва Афғонистон иштирок намуданд. Фестивали мазкур аз ду бахш иборат буда, бахши аввал намоиши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ буда, бахши дуюми он аз барномаи фарҳангии ҳунарӣ иборат буд. Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо бо доираи васеи донишҷӯёни тоҷик дар ин фестивал намоиши молу маҳсулот ва таомҳои миллии тоҷиконаро ба намоиш гузошта, дар барномаи фарҳангӣ бо суруду тарона ва рақсҳои ҷазоби тоҷикона ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ дар фестивали мазкур […]

20.03.2019 Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек наврасону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан, ҳидоят намуданд. Тӯҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сару либоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму кастюм, […]

20.03.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ

Дар шаҳри Норак марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ бо садо додани мусиқии мутантан оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур гӯштингирон аз тамоми дастаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок дошта, мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш дар макон ҷамъ омаданд. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ карда шуда истодааст. Пеш аз оғози мусобиқа Суруди миллӣ садо дода, ҳайати дастаҳо ба майдон ворид гардиданд. Ҳамзамон, дар ин мусобиқа беҳтарин доварон аз тамоми гушаву канори мамлакат гуштингирии варзишгаронро доварӣ менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Бразилия – 2016, муовини […]

19.03.2019 Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Омӯзгорони муҳтарам ва шогирдони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо сокинони сарбаланди Тоҷикистон барои истиқболи шоистаи ҷашни воқеан мардумӣ, яъне Наврӯз ё соли нави аҷдодӣ сарҷамъона ва бо амалӣ намудани иқдомоти созанда омодагӣ мегиранд. Дар ин рӯзҳои фасли зебои баҳор бо саъю талоши сокинони пойтахти кишвари маҳбубамон – шаҳри Душанбе низ бисёр корҳои ободонӣ ба анҷом расида, силсилаи иншооту биноҳои нав ба фаъолият оғоз карда истодаанд. Аз ҷумла имрӯз дар ноҳияи Сино бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 ба истифода супорида шуд, ки ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон ва фарзандони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Муассисаи таълимие, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, барои 1260 нафар хонанда бо маблағгузории Фонди […]

19.03.2019 Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ниагара-а» ба анҷом расонида шудааст. Шароити таълим дар Муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст. Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо […]

Варзиш

23.03.2019 Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии қаиқронӣ иштирок доранд.

Шурӯъ аз имрӯз, 23 март то 25 марти соли равон дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян  гардида, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар — Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов намояндагӣ  мекунанд. Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад. Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон […]

20.03.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ.

Дар шаҳри Норак марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ бо садо додани мусиқии мутантан оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур гӯштингирон аз тамоми дастаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок дошта, мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш дар макон ҷамъ омаданд. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ карда шуда истодааст. Пеш аз оғози мусобиқа Суруди миллӣ садо дода, ҳайати дастаҳо ба майдон ворид гардиданд. Ҳамзамон, дар ин мусобиқа беҳтарин доварон аз тамоми гушаву канори мамлакат гуштингирии варзишгаронро доварӣ менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Бразилия – 2016, муовини […]

19.03.2019 Душанбе: 193 чорабинии варзиши ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз.

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз тибқи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳри Душанбе 193 чорабинии варзишӣ доир карда мешаванд. Чорабиниҳои мазкур дар толорҳои варзишӣ, майдончаҳои хӯрди футбол ва маҷмааҳои варзишӣ аз санаи 20 то 30 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, теннис, тенниси рӯи миз, гӯштини миллӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, туби дастӣ, бандкашӣ, сангбардорӣ, велосипедронӣ баргузор карда мешаванд.

18.03.2019 Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ!.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор наврӯзии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони “Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад. Ҳамзамон, дар чорабинии […]

18.03.2019 Медали таърихии Беҳрӯз дар “Ekaterinburg Grand Slam”.

Беҳрӯз Хоҷазода 16 март – дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо дар Екатеринбурги Руссия сазовори медали биринҷӣ гардид. Беҳрӯз дар қувваозмоиҳои вазни -73кг бар варзишгарони Олмон (Роберт Бервиг), Юнон (Ҷорҷиос Маркариан) ғалаба карда, дар даври сеюм аз варзишгари Шведсия Томми Макиас, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар идома бар Виктор Стерпу аз Молдова ва Эдуардо Барбоса аз Бразил дастболо шуда, ҷои сеюмро ишғол кард. Воқеан медали биринҷии Беҳрӯз аввалин медали дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти Гранд Слам ва аввалин медали ӯ дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо мебошад. Сомон Маҳмадбеков – паҳлавони дигари тоҷик дар вазни -73 пас аз як ғалаба бар Ҳамсат Исоев аз […]

Данная рубрика не содержит информаций