73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Созишнома

Ҷавонон

20.04.2018 ҲАМОИШИ ЯТИМОНИ КУЛЛ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз дар бинои Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявии ятимони кулл таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон” бахшида ба “Рӯзи пойтахт” бо иштироки 160 нафар ятимони кулл ва бепарасторон аз тамоми қаламрави вилоят баргузор гардид. Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, иштирок намуда, зикр дошт, ки «Давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали истиқлолият ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, дастгирии мунтазами ятимону бепарасторон ва фароҳам овардани […]

20.04.2018 Рӯдакӣ: Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт” ҳамоиши ятимони кулл таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон” баргузор гардид, ки дар он ятимони кулл, хешу пайвандон ва ҷавонони фаъоли ноҳяи иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш барои болидаруҳии онҳо аз ҷониби аҳли санъати ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд.

20.04.2018 Пойтахт – тараннумгари музафариятҳои мо ҷавонон ва варзигарон

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва оммавию варзишӣ ба ифтихори таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт, 20 апрел дар толори Кумитаи миллии олимпӣ конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Пойтахт- тараннумгари музаффариятҳои мо – ҷавонон ва варзишгарон” баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳо, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ширкат намуданд. Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирокчиён ва дар симои онҳо сокинони кишварро бо Рӯзи пойтахт табрику таҳният намуда, аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи пойтахт ёдовар шуда қайд намуд, ки “Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе […]

20.04.2018 Ёвон: Пешвои миллат падари меҳрубон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба “Рӯзи пойтахт” ҳамоиши ятимони кулл таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон” баргузор гардид, ки дар он ятимони кулл, хешу пайвандон ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш барои дуструякон аз ҷониби аҳли санъати ноҳия барномаи рангини ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд.

20.04.2018 Кӯшониён: ятимон зери таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат қарор доранд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар арафаи таҷлили “Рӯзи пойтахт” Ҳамоиши ятимони кулл таҳти унвони “Пешвои миллат – ғамхори ятимон” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур барои 30 нафар ятимон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, барои болидахотирии  иштирокчиён барномаи ҳунарии ҳунармандони ноҳия ба марази тамошо гузошта шуд.

Варзиш

19.04.2018 Мусобиқа миёни низомиён ва ҷавонони Дарвоз.

Муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони ВМКБ аз як катор биноҳои таърихиву ҷойҳои сайёҳии вилоят бозидид ба амал оварданд. Ин иқдом аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш зери увони “Як рӯзи тамошои Маркази сайёҳӣ ва Осорхонаи вилоятӣ” роҳандозӣ шуда, дар рафти он зиёда аз 70 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Омӯзишгоҳи тиббии шаҳр, хонандагони МТМУ, ҷавонони фаъол аз Маркази сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷавонон”- и вилоят дидан карданд. Сураҷ Чоршанбиев, муовини сардори раёсат зимни мулоқот бо ҷавонон таъкид намуд, ки феълан мо бо таъриху фарҳанги бостонии хеш дар сатҳи ҷаҳон маъруфият пайдо намудем ва донистани саргузашт, мавзеҳои сайёҳӣ, таҷрибаву […]

18.04.2018 Медали тиллои Ёқубҷон Назиров дар Ҷоми Аврупо.

Ҷавонпаҳлавони тоҷик, Ёқубҷон Назиров, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21 сола, дар вазни -90кг сазовори ҷои аввал гардида, соҳиби медали тилло гардид. Ёқубҷон бар Деймон де Воси ҳолландӣ ва Имеда Гоголадзеи гурҷистонӣ ғалаба намуд. Ҳарифи сеюми Ёқубҷон паҳлавони ҷопонӣ Санширо Мурао буд, ки ӯро низ мағлуб намуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар финал варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 14-15 апрел дар қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 259 варзишгар (171 писар ва 88 духтар) аз 16 кишвари дунё ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 варзишгар намояндагӣ карданд:  Муллораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66кило), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин […]

14.04.2018 Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст.

Имрӯз чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирўзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 санаи 14 апрели соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо фарогирии 17061 нафар, аз ҷумла 4094 нафар бонувон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардиданд. Боиси нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи устод С.Айнӣ, Боғи ҷавонон, Боғи Парчами давлатӣ, Боӣғи Дӯстии халқҳо ва назди шаршараи Наврўзгоҳи пойтахт дар машқҳои пагоҳирӯзӣ 1290 нафар, аз ҷумла 165 нафар бонувон, кормандони вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, Агентии омор, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ […]

14.04.2018 Тилло, нуқра ва биринҷии дзюдочиёни наврас дар Тошканд.

12-13 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид, ки паҳлавонони навраси кишвар сазовори се медал, 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Медали тиллоро Сулаймони Ҷамшед (дар акс) дар вазни -60 кг сазовор шуд. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг ҷои дуюм ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -73 кг ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар мусобиқа 250 варзишгар аз 10 давлати дунё, аз ҷумла аз ҷумҳурии мо 41 варзишгар дар 8 вазн (7 вазн миёни писарон, 1 вазн миёни духтарон) иштирок карданд. Имрӯз рақобатҳо миёни ҷавонон оғоз мегардад. Дар ин мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат доранд. Ҷумҳурии моро 37 варзишгар […]

14.04.2018 Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА ба шаш зина боло рафт.

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 12 апрел раддабандии нави дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳонро нашр намуд.  Дар ин бора  аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол 6 зина боло рафта, дар мавқеи 118-ум бо 271 имтиёз қарор гирифт. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 22-юмро касб намуд. Раддабандии навбатии Федератсияи байналмилалии футбол  17 май ба нашр мерасад.

Сайёҳӣ

Данная рубрика не содержит информаций