734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мувофиқа

Ҷавонон

08.08.2019 Аҳтам Абдуллозода бо Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуданд

Имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи ҳамгироӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои гуногуни муштарак, таъсис лоиҳаҳои нави иноватсионӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш ибрози назар карда шуд. Ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ба мувофиқа расиданд.

06.08.2019 Саразм оинаи ҷаҳоннамои таърихи миллати тоҷик

Дар доираи баргузории V – умин Анҷумани маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар муарррифии имкониятҳои сайёҳиву таърихӣ дар хориҷи кишвар: Саразм оинаи ҷаҳоннамои таърихи миллати тоҷик” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор мегардад.   Дар кори конфронс олимон ва муҳаққиқон, коршиносони соҳа, муҳассилини соҳаи таърихшиносӣ ва ҷавонони фаъоли кишвар иштирок ва суханронӣ менамоянд.   Конфронси мазкур бо мақсади ошноӣ бо таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик, муаррифии асосҳои илмӣ ва археологии Саразми бостон баргузор мегардад.

31.07.2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро эълон менамояд

                       Дастгоҳи марказии Кумита  Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1258,20 сомонӣ Мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ   Вилояти  Хатлон          1.Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод–1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ Мутахассиси пешбари Бахши кор бо ҷавонон ва […]

29.07.2019 551 семинар-тренингҳои омўзишӣ дар нимсолаи аввали соли 2019

Бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи масъулини Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ 551 семинар-тренингҳои омўзишӣ бо иштироки 25387 нафар ҷавонон таҳти унвонҳои «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ», “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум мекунем”, «Нақши ҷавонон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм», “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028”, “Нақши соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон” ва “Нақши ҷавонон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор баргузор карда шудааст.

29.07.2019 Созандагӣ мароми мост!

Бо мақсади тарбия намудани љавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ, ободкорию хуррамгардонӣ, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!” ҳамагӣ аз љониби масъулини Дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система зиёда аз 322199 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо бо иштироки 147683 нафар љавонон шинонда шуд. Дар маљмуъ аз љониби Кумита ва зерсохторҳои маҳаллӣ дар давраи  ҳисоботӣ 930 маротиба корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастаљамъона  баргузор карда шуд.

Варзиш

04.08.2019 Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон.

Гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал – як нуқра, як биринҷӣ – гардиданд. Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон дар шаҳри Софияи Булғория ҷараён дорад. Аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ ба чемпионат сафарбар гардиданд. Медали нуқраро Шероз Очилов дар вазни -65кг ба даст овард. Ӯ қувваозмоиро аз даври 1/8-финал оғоз карда, бар варзишгари Арманистон Арман Хачикйан пирӯз шуд. Дар даври чорякфинал намояндаи ШМА Роберт Паул Перезро шикаст дода, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар нимфинал намояндаи Эрон Ҳоҷат Ҳасан Ризоиро мағлуб намуд, вале дар финал аз варзишгари Белорус Дмитрий Бонка мағлуб […]

04.08.2019 Ғалабаи навбатии Баҳодур Усмонов.

Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг бар се муштзани кишвари мизбон – Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд. 5 варзишгари дигари мо – Шермуҳаммад Рустамов (49кг), Бахтовар Сагизов (56кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг), Далерҷон Сулаймонов (91кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91) […]

02.08.2019 Турсунзода: мулоқоти варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш бо Дилшод Назаров.

Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо ҷавонону варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш суҳбату мулоқотҳоро доир намояд. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров  бо варзишгарон, масъулини соҳа  ва ҷавонони шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи варзиш дар 28 соли соҳибистиқлолӣ такони ҷиддӣ  ба вуқуъ пайваста, варзишгарони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи баланди байналмилалӣ иштирок намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намоянд. Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарон […]

01.08.2019 Шоми ин бегоҳ футболбозони тоҷик бо футболбозони афғон вориди рақобат мегарданд.

Шоми  1  июл сабқатҳои даври  панҷуми  Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор  мегарданд. Дар даври панҷум  дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби  наврасони   Афғонистон  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе  байни ҳам рақобат мекунад.  18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ 18:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ 20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Ёдовар мешавем, ки  30   июл   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаи   мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дастаи  мунтахаби  наврасони  то 16-солаи   Эронро   бо ҳисоби калони   3:0 мағлуб  намуд. Голҳои дастаи  мунтахаби  […]

01.08.2019 Чемпионҳо ба Ватан баргаштанд.

Варзишгарони ҷавони кишвар аз Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон бо 5 медал ба Ватан баргаштанд. Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулони соҳа, пайвандону наздикон ва ҳаводорони варзиш пешвоз гирифтанд. Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон 27-30 июл дар Тайпейи Чин баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар миёни наврасон ва 9 нафар миёни ҷавонон дар чемпионат иштирок карда, ба гирифтани 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ – даст ёфтанд. Медали тиллоро Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73кг миёни наврасон ба даст овард. Дар ин синну сол Мансур Раҳмон дар вазни -90кг ва Аҳлия Муъминова дар вазни […]

Данная рубрика не содержит информаций