734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Муносибатҳои байналмиллалӣ

Ҷавонон

23.03.2019 Ғолибияти донишҷӯёни тоҷик дар Фестивали байналмилалии “Наврӯз”

Аз 13 то 21 марти соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия Фестивали донишҷӯён бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Эквадор, Албания, Туркманистон ва Афғонистон иштирок намуданд. Фестивали мазкур аз ду бахш иборат буда, бахши аввал намоиши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ буда, бахши дуюми он аз барномаи фарҳангии ҳунарӣ иборат буд. Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо бо доираи васеи донишҷӯёни тоҷик дар ин фестивал намоиши молу маҳсулот ва таомҳои миллии тоҷиконаро ба намоиш гузошта, дар барномаи фарҳангӣ бо суруду тарона ва рақсҳои ҷазоби тоҷикона ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ дар фестивали мазкур […]

20.03.2019 Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак чун анъанаи аҷдодӣ ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек наврасону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан, ҳидоят намуданд. Тӯҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сару либоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму кастюм, […]

20.03.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ

Дар шаҳри Норак марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ бо садо додани мусиқии мутантан оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур гӯштингирон аз тамоми дастаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок дошта, мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш дар макон ҷамъ омаданд. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ карда шуда истодааст. Пеш аз оғози мусобиқа Суруди миллӣ садо дода, ҳайати дастаҳо ба майдон ворид гардиданд. Ҳамзамон, дар ин мусобиқа беҳтарин доварон аз тамоми гушаву канори мамлакат гуштингирии варзишгаронро доварӣ менамоянд. Дар мусобиқаи мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Бразилия – 2016, муовини […]

19.03.2019 Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Омӯзгорони муҳтарам ва шогирдони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯзҳо сокинони сарбаланди Тоҷикистон барои истиқболи шоистаи ҷашни воқеан мардумӣ, яъне Наврӯз ё соли нави аҷдодӣ сарҷамъона ва бо амалӣ намудани иқдомоти созанда омодагӣ мегиранд. Дар ин рӯзҳои фасли зебои баҳор бо саъю талоши сокинони пойтахти кишвари маҳбубамон – шаҳри Душанбе низ бисёр корҳои ободонӣ ба анҷом расида, силсилаи иншооту биноҳои нав ба фаъолият оғоз карда истодаанд. Аз ҷумла имрӯз дар ноҳияи Сино бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 ба истифода супорида шуд, ки ҳамаи шумо, устодону омӯзгорон ва фарзандони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Муассисаи таълимие, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, барои 1260 нафар хонанда бо маблағгузории Фонди […]

19.03.2019 Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти таълимӣ барои 1260 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Арзиши умумии харҷномавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 дар маҷмӯъ зиёда аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ниагара-а» ба анҷом расонида шудааст. Шароити таълим дар Муассиса бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст. Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо […]

Варзиш

24.03.2019 Шоҳҷоиза насиби Саидҷалол Саидов гардид.

Имрӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт – 2019” бо доираи васеи варзишгарони кишвар расман оғоз гардид. Дар оғози чемпионат муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух Турақул иштирок намуда, ҳамаи варзишгарон ва ҳаводорони ин навъи варзишро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба иштирокчиёни чемпионат барору комёбӣ таманно намуданд. Ҳамзамон, дар маросими ифтитоҳи чемпионат мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок намуда, иброз доштанд, ки дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, […]

23.03.2019 830 адад чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз.

Дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ, чампионатҳои шаҳрию ноҳиявӣ, вилоятиву мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар онҳо шумораи зиёди варзишгарон, алоқамандони варзиш ва ҳаводорони риштаҳои гуногуни варзиш ширкат варзиданд. Ҳамин тариқ, дар арафаи таҷлили Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби Кумита дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар 830 адад чорабиниҳои варзишӣ дар саросари ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар саросари кишвар то 30 марти соли 2019 бомаром идома меёбанд. Дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои навбунёди варзишӣ то 30 марти соли 2019 баргузории 193 чорабинии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин […]

23.03.2019 Далерии Далер дар Уланбатор дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ.

Варзишгари Тоҷикистон Далер Ризозода дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола сазовори медали нуқра гардид. Далер – ягона намояндаи Тоҷикистон – дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ, вазни 72кг нахуст бар варзишгари Ҳиндустон Ашу Ашу (9:0), сипас бар намояндаи Муғулистон Телмен Пуревбаатар (9:0) ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал бар варзишгари Қирғизистон Бек Конурбоев бо ҳисоби 6:4 дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваомоӣ барои медали тилло аз намояндаи Эрон Амин Ковиёнинажод шикаст хурд (0:9) ва ҷои дуюмро ишғол кард. Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола 21 март дар шаҳри Уланбатори Муғулистон шуруъ гардид ва то 24 март идома меёбад. Дар чемпионат варзишагрони […]

23.03.2019 Мусобиқаи лижаронӣ дар Сафед – Дара ба ифтихори рӯзи Наврӯз.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи бозиҳои намуди зимистона бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҷмааи лижаронии “Сафед – Дара” мусобиқаи лижарони байни наврасону ҷавонон баргузор гардида истодааст. Дар мусобиқа 60 нафар варзишгарон аз рӯи намуди слаломи хӯрд ва слаломи калон миёни ҳам рақобат менамоянд. Мусобиқаи мазкур аз 23 то 24 марти соли 2019 идома ёфта, ҳадафи он муайян намудани узви дастаи мунтахаби кишвар мебошад. Дар охир ба ғолибон диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.

23.03.2019 Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии қаиқронӣ иштирок доранд.

Шурӯъ аз имрӯз, 23 март то 25 марти соли равон дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян  гардида, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар — Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов намояндагӣ  мекунанд. Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад. Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд. Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон […]

Данная рубрика не содержит информаций