6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

Президент

Youth

28.02.2019 Машғулиятҳои амалиявӣ дар доираи Маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем”

Дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо ташаббуси аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем” – и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб машғулиятҳои назарявӣ ҳар ҳафта бо доираи васеи ҷавонон доир карда мешаванд. Ин ҳафта машғулият аз фанни химия роҳандозӣ гардида, ба шунавандагон вобаста ба элементҳои химиявӣ, реаксияҳои химиявӣ дар шакли назарявӣ ва амалӣ маълумот дода шуд. Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба азхуднамоии илмҳои дақиқ роҳандозӣ карда шуда истодааст.

28.02.2019 Суруди Модар – Алла

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон санаи 6 марти соли 2019 дар толори “Кохи суруш” Фестивали ҷумҳуриявии “Суруди Модар – Алла” баргузор мегардад.   Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби Кумита соли чандум аст, ки фестивали мазкур бо ҷалби занону бонувони соҳибистеъдоди кишвар роҳандозӣ карда мешавад. Иштирокчиёни фестивал бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида мешаванд.

28.02.2019 ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баҳри тарғиби ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон ва фарогирии онҳо ба ташхиси тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои пойтахт аз 27 феврали соли 2019 оғоз гардид. Нахуст дар рӯзи аввали чорабиниҳо масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Раёсати шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон бо волидайн, сокинони маҳаллаҳо ва хонандагону […]

28.02.2019 Конфронси сатҳи байналмилалӣ дар Донишгоҳи Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия

Аз 18 то 21 уми феврали соли равон, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ силсила чорабиниҳо, бахусус конфронси сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд.  Тавре Хоҷазода Назари Назрӣ роҳбари Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар Донишгоҳи Комсомолский-на-Амуре-и Федератсияи Россия иброз намуданд,чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ба хотири эҳтирому гиромидошти забони ниёгони худ таввасути равзанаи электронӣ дар бораи забони тоҷикӣ ҳамчун забони муоиширати оммавӣ, решаҳои забони тоҷикӣ, нақши фарҳанги суханварӣ дар забони тоҷикӣ баромад намуда, забони ширадору таърихи бузург доштаи тоҷикиро миёни халқҳои мухталифи олам муарифӣ намуданд.  Боиси […]

27.02.2019 Ғолибияти Шаҳриёр Ҳабибов дар озмуни байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз 23 то 27 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии мусиқинавозон аз рӯи наминатсияҳои гуногун бо иштироки 9 давлати дунё таҳти унвони “Шоҳроҳи Абрешим” баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистонро Шаҳриёр Ҳабибов хонандаи синфи 11-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев намояндагӣ намуд. Шаҳриёр Ҳабибов  бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ аз рӯи наминатсияи асбобҳои торӣ – камонӣ  дар ин озмуни байналмилалӣ мақоми дуюмро касб намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмуни намояндаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мақоми сеюмро намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон касб намуданд. Шаҳриёр Ҳабибов гирандаи стипендия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2018 – 2019 буда, аз соли 2017 инҷониб волонтёри Кумитаи […]

Sport

28.02.2019 Варзиш ба пеш гузашт.

Имрӯз дар гурӯҳи “С” баҳри дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019” бози байни дастаҳои телевизиони “Варзиш” ва телевизиони “Футбол”  баргузор гардида, дастаҳо рақобатҳои ҷолибро нишон доданд. Дастаи телевизиони “Варзиш” дар нимаи аввали  бозӣ ҳисобро ба фоидаи дастаи хеш кушода, пайваста ҳуҷумҳо менамуд. Дастаи телевизиони “Футбол” дар нимаи дуюми бозӣ ба ҳамла гузашта, вале мутаассифона ноком мегардиданд.  Дар натиҷа ҳисоб бар фоидаи телевизиони “Варзиш” 4:3 ҷамъбаст гардид. Пагоҳ дастаҳои телевизиони “Сафина” бо рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва дастаи телевизиони “Синамо” бо дастаи  радиои “Имрӯз” миёни ҳам рақобат менамоянд.

28.02.2019 Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд.

2-12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) 29-ум Универсиадаи зимистона доир мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд. Тавре Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, дар ин чорабинии варзишӣ донишҷӯёни 17-25-сола аз тамоми ҷаҳон имкони иштирок доранд. Донишҷӯ-варзишгарон барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мекунанд: биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек. Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – 4 варзишгар (Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров) бо […]

28.02.2019 Чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид.

Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд чемпионати вилояти Суғд оид ба гӯштини тарзи озод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар чемпионати мазкур дастаҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилот дар ҳамаи вазнҳои стандартӣ иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Дар мусобиқа 100 нафар варзишгар ширкат варзида, ғолибон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

28.02.2019 Ба ифтихори Рӯзи Модарон.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Модарон аз 3 то 7 марти соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавндухтарони 16 баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат менамоянд. Даври аввали мусобиқаи мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур дӯстӣ байни варзишгардухтарон, рушди ин навъи варзиш миёни занону бонувон ва муайян намудани дастаи мунтахаби кишвар оид ба футболи […]

28.02.2019 Фасли баҳор бо бозиҳои Наврӯзӣ шуруъ мегардад.

Дар моҳи марти соли 2019 дар қаламрави кишвар як қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию солмгардонӣ ва омодагии варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар назар дошта шудааст. Аз санаи 2 то 3 марти соли 2019 мусобиқаи интихобии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба намудҳои варзиши дастхобонӣ дар ноҳияи Шаҳринав, гӯштини тарзи озод дар шаҳри Ҳисор, гӯштини миллӣ дар шаҳри Турсунзода, таеквадо ВТФ дар шаҳри Ҳисор, гӯштини самбо байни наврасони солҳои таваллудашон 200- 2005 дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мегардад. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таевкандо байни калонсолон ва ҷавонон (мардон ва бонувон) дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ […]

Данная рубрика не содержит информаций