6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню


Пирӯзии Шоира ва Баҳодур дар Бишкек

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Д. Шопоков дар Бишкек сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло шуд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, медаҳои тиллои мусобиқаро Шоира Зулқайнарова дар вазни 64кг миёни бонувон пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усомнов дар вазни 63кг миёни мардҳо пас аз пирӯзӣ бар варзишгари Белорус Дмитрий Асанов ба даст оварданд.

Идимоҳ Холова дар вазни 69кг миёни бонувон дар финал аз Шаҳноза Юнусоваи узбекистонӣ мағлуб шуда, медали нуқра ба гардан овехт. Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91кг миёни мардҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд. 
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар ҳайати 10 варзишгар иштирок карданд. 
Дар 42-юм мусобиқаи байналмилалии бокс ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоков, ки 20-24 феврал баргузор шуд, 199 варзишгар аз кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Руссия, Тайланд, Тоҷикистон ва Муғулистон барои 13 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.


25.02.2019 Нет комментариев