6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

Sport


ФУТБОЛ: қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад

Қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 28 феврал гузаронида мешавад.  Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, он дар толори меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе», соати 13:30 баргузор мегардад. Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунанд. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Тиқи низомнома, дастаи зинаи охири мусобиқа Лигаи олиро тарк мекунад. Дастаи соҳиби ҷои ҳафтум бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум барои дар Лигаи […]

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Футбол ва Ҷаҳоннамо мусовӣ натиҷаи бозии имрӯза

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” бозиҳо барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон -2019 дар гуруҳи “С” ва “Д” идома ёфтанд. Дастаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” бо дастаи телевизиони “Футбол” соати 10:00 вориди рақобат гардида, бозии хубу диданиро нишон доданд. Бозии мазкур мусовӣ бар ҳисоби 4:4 ба анҷом расид. Дар гуруҳи “Д” бошад дастаи АМИТ “Ховар” бо дастаи рӯзномаи “Омӯзгори ҷавон” вориди рақобат гардида, дар ин бози бо ҳисоби 5:6 дастаи АМИТ “Ховар” бозиро бохтанд.

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Телевизиони “Тоҷикистон” бо телевизиони “Сафина” мусовӣ

Дирӯз дар гуруҳи “А” ва “В” бозиҳо барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон – 2019”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик роҳандозӣ карда мешавад, баргузор гардиданд. Дирӯз дастаҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва телевизиони “Сафина” миёни ҳам рақобат намуда, бозӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ ба анҷом расид. Дастаи телевизиони “Синамо” тибқи тақвим бояд бо дастаи радиои “Ватан” вориди рақобат мегардиданд, вале бинобар сабаи иштирок накардани дастаи радиои “Ватан” бозӣ ба фоидаи телевизиони “Синамо” ба анҷом расид. Ёдовар бояд шуд, ки мусобиқаи мазкур то санаи 11 марти соли 2019 идома ёфта, ғолибон бо Ҷом, дирлом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.

26.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пирӯзии Шоира ва Баҳодур дар Бишкек

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Д. Шопоков дар Бишкек сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло шуд. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, медаҳои тиллои мусобиқаро Шоира Зулқайнарова дар вазни 64кг миёни бонувон пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усомнов дар вазни 63кг миёни мардҳо пас аз пирӯзӣ бар варзишгари Белорус Дмитрий Асанов ба даст оварданд. Идимоҳ Холова дар вазни 69кг миёни бонувон дар финал аз Шаҳноза Юнусоваи узбекистонӣ мағлуб шуда, медали нуқра ба гардан овехт. Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91кг миёни мардҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур дар ҳайати 10 […]

25.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОН дар арафаи Рӯзи Артиши миллии ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 феврали соли равон тибқи Нақша – чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , аёдати афсарону сарбозони қисми низомии 0230-и Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Спитамен сурат гирифт. Дар рафти аёдат Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят – Каримов Мирзоқосим ба сарбозони шуҷоъ таъкид намуд, ки қӯшунҳои сарҳадиро мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле вазнину ҳассоси таърихи кишварамон дар замоне, ки одитарин шароит ва заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, ташкил карданд. Ва имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор метавонем изҳор намоем, […]

22.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6