6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

Sport


Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни бонувон – ҷавондухтарон бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи Модар”

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, аз 20 то 27 феврали соли ҷорӣ мусобиқаи футбол байни бонувон – ҷавондухтарони аз 16 сола боло бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар варзишгоҳи МД Мактаби варзишии №1, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Дар мусобиқа ба гирифтани ҷои 1-ум дастаи ноҳияи Мастчоҳ сазовор гардида, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуривӣ роҳхат ба даст овард.Ҳамчунин, бо гирифтани ҷои 2-юм дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷои 3-юм дастаи шаҳри Конибодом сазовор гардида, ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раёсат сарфароз гардонида шуданд.

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғалабаи Тоҷикистон, муборак бошад!

Имрӯз дар гуруҳи “А”  рақобатҳо миёни дастаҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”  баргузор гардид. Бозии ҷолибро дастаҳо нишон дода, дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо задани ду гол ба дарвозаи ҳарифи хеш ғолибият ба даст овардааст. Дар гурӯҳи “А” дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо як пирӯзӣ ва як бозии  мусовӣ сарднишин гурӯҳ мебошад.  Дастаи  рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бозии аввали худ ба дарвозаи ҳариф як гол зада, як  бозии дигар ӯро интизор аст. Дар гуруҳи “В” бозиҳо миёни дастаҳои радиои “Ватан” ва радиои “Имрӯз” бояд сурат мегирифт, вале бинобар сабаби иштирок накардани дастаи радиои “Ватан” натиҷа бо гирифтани 0:5 хол ба нафъи радиои “Имрӯз” ҷамъбаст гардид. Рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Перу аз ҳаққи мизбонии ЧҶ-2019 миёни ҷавонон (U-17) маҳрум шуд

Комиссияи Ассостсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) қарор қабул кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз менамояд. Чемпионат соли 2019 бояд дар Перу баргузор мешуд. Вале ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд. “FIFA қарор қабул кард, ки макони баргузории чемпионати ҷаҳонро иваз намояд, он дар Перу намегузарад. Ташкилоти ҷаҳонии футбол ба Федератсияи футболи Перу ва ҳукумати ин кишвар барои пешниҳоди омодагӣ дар мусобиқаҳои оянда изҳори сипос менамояд. FIFA дар наздиктарин фурсат алтернативаи мизбони чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад”, – омадааст дар гузориши FIFA.Қарор оид ба баргузории чемпионати […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷои панҷуми Сомон дар “Düsseldorf Grand Slam 2019”

Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – “Düsseldorf Grand Slam 2019” дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард. Мусобиқа 22-24 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон доир гашт. Дар он 603 варзишгар (361 мард, 242 зан) аз 93 давлати дунё иштирок карданд.  Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз кишвари мо 5 нафар – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) қувваозмоӣ намуданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар қувваомоии вазни -73кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Олмон (Игор Вандтке), Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд-Очир), Швейтсария (Нилс Стамп), Лаҳистон (Виктор Мровзински) ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми ФФТ: даври аввали бозиҳои ниҳоӣ хотима ёфт

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври аввали бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ хотима ёфт. Мусобиқа дар ду гурӯҳ бо ширкати беҳтарин дастаҳои ҷумҳурӣ то 5 март идома меёбад.Дар бозии нахустини даври аввали гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ» дар баробари дастаи «Душанбе -83» ба майдон омада, натиҷаи мусовии 2:2 ба даст овард. Шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ки зимни вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 дар сафи пеш буданд, ғолибиятро аз даст доданд. Дар бозии дуюми ин гурӯҳ дастаи нави Лигаи олӣ- «Истаравшан» бар «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.Дар гурӯҳи «Б» чемпиони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми ФФТ дар соли гузашта-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро бо нишондоди 5:3 шикаст дод. Дар ин баробар […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 6