6 Sportivnaya street, Dushanbe city, Tajikistan 734002 (+992 37) 2351023; 2367815;

Committee of youth affairs and sports under the Government of the Republic of Tajikistan

Меню

News


Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни бонувон – ҷавондухтарон бахшида ба таҷлили ҷашни “Рӯзи Модар”

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, аз 20 то 27 феврали соли ҷорӣ мусобиқаи футбол байни бонувон – ҷавондухтарони аз 16 сола боло бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи модар дар варзишгоҳи МД Мактаби варзишии №1, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд. Дар мусобиқа ба гирифтани ҷои 1-ум дастаи ноҳияи Мастчоҳ сазовор гардида, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуривӣ роҳхат ба даст овард.Ҳамчунин, бо гирифтани ҷои 2-юм дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷои 3-юм дастаи шаҳри Конибодом сазовор гардида, ғолибон ва бозингарони беҳтарини мусобиқа бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раёсат сарфароз гардонида шуданд.

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ғалабаи Тоҷикистон, муборак бошад!

Имрӯз дар гуруҳи “А”  рақобатҳо миёни дастаҳои телевизиони “Тоҷикистон” ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”  баргузор гардид. Бозии ҷолибро дастаҳо нишон дода, дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо задани ду гол ба дарвозаи ҳарифи хеш ғолибият ба даст овардааст. Дар гурӯҳи “А” дастаи телевизиони “Тоҷикистон” бо як пирӯзӣ ва як бозии  мусовӣ сарднишин гурӯҳ мебошад.  Дастаи  рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бозии аввали худ ба дарвозаи ҳариф як гол зада, як  бозии дигар ӯро интизор аст. Дар гуруҳи “В” бозиҳо миёни дастаҳои радиои “Ватан” ва радиои “Имрӯз” бояд сурат мегирифт, вале бинобар сабаби иштирок накардани дастаи радиои “Ватан” натиҷа бо гирифтани 0:5 хол ба нафъи радиои “Имрӯз” ҷамъбаст гардид. Рақобатҳо барои дарёфти Ҷоми “Журналистони ҷавон […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат

Дирӯз тибқи барномаи Маҳфили омӯзишии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо иштироки Исмоилзода Содиқ Шодиён корманди Вазорати саноат ва технологияҳои инноватсионӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии миллӣ – ҳадафи чоруми стратегӣ” ва намояндагони Агентии нашъамандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нигаҳдошти генофонди миллат- роҳу усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои нашъамандӣ ванашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон” доир гардид. Курси омӯзишии “Ҷавонон Пайрави Пешвои миллат” аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи малағгузории грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ карда мешавад.  Иқдоми мазкур муддати се сол аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар дарсҳои лексионӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин гардид. Тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода – директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир – муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

Перу аз ҳаққи мизбонии ЧҶ-2019 миёни ҷавонон (U-17) маҳрум шуд

Комиссияи Ассостсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) қарор қабул кард, ки мизбони чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни ҷавонони то 17-соларо иваз менамояд. Чемпионат соли 2019 бояд дар Перу баргузор мешуд. Вале ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар намояндагони FIFA камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор карданд. “FIFA қарор қабул кард, ки макони баргузории чемпионати ҷаҳонро иваз намояд, он дар Перу намегузарад. Ташкилоти ҷаҳонии футбол ба Федератсияи футболи Перу ва ҳукумати ин кишвар барои пешниҳоди омодагӣ дар мусобиқаҳои оянда изҳори сипос менамояд. FIFA дар наздиктарин фурсат алтернативаи мизбони чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад”, – омадааст дар гузориши FIFA.Қарор оид ба баргузории чемпионати […]

27.02.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 14