734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Тамос

Мувофиқи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ин маълумотҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Номи Шумо*

Ҷои кор*

Кишвар*

Шаҳр, ноҳия, деҳа*

Кӯча, бино, хона*

Рақами телефон*

Email-и Шумо*

Мавзӯъ*

Матн*

captcha

Ҷавонон

18.07.2019 (Илҳом аз китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-“Чеҳраҳои мондагор”) Фарзона Восиева

Аз КУРУШ оғоз мегардад китоб, Даврае, ки халқ буд андар азоб. Мамлакатро бо тамаддун рушд дод, Гоми аввал баҳри озодӣ ниҳод. Баъд аз ин ИСПИТАМОНИ родмард, Баҳри истиқлол омад дар набард. Бо адӯ ҷангид ҷонаш дар гарав, Парчами озодӣ афрохт ӯ зи нав. Буд ЗАРДУШТ аз табори Ориён, Бо “Авасто”гашт маъруфи ҷаҳон. Дар паёмаш росткорӣ буду бас, Заҳматаш з-ин рӯ нарафта бар абас. МОНӢ дар зулмот ҳамчун нур буд, Ҳикмату гуфтори ӯ машҳур буд. Зулму истибдод дида бешумор, Боз бинмуд оинашро интишор. Буд МАЗДАК чеҳраи рахшандае, Ориёнро раҳбари арзандае. Бовиқору некбину халқдӯст Ойини ӯ ойини поку накӯст. Буд Муҳаммад(с) хотами пайғамбарон, Бурд аз олам хурофоту зиён. Халқро аз тирагӣ берун […]

18.07.2019 Зебои 16-сола 600 китоб хондааст

Манбаи асосии пайдоиши илму дониш китоб мебошад. Шахси китобхон дар зиндагии худ некро аз бад ба осонӣ ҷудо карда метавонад. Дӯсти беҳтарине, ки шахсро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, китоб аст.  Дар ҳақиқат бе китоб инсон зиндагии рангину пурҷилоро эҳсос карда наметавонад. Ин аст, ки донишмандон барои китобдӯстдору китобхон гардидани шахс тавсия медиҳанд, то аз замони тифливу наврасӣ ба он рӯ орему пайваста мутолиа намоем. Зеро китоб дӯсти вафодор аст. Хушбахтона, имрӯз ҷавонону наврасон бо дарки ин гуфтаҳо ҳамеша китоб мехонанду ҳамнабзи ин сарчашмаи ғизои маънавиянд. Яке аз чунин наврасони китобхон Зебо Бердиева, хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе мебошад. Зебо аз синни 12-солагӣ то имрӯз беш аз 600 […]

18.07.2019 Шоми шеъри Гулназар баргузор гардид

Дирӯз дар Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Парчами давлатӣ ” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ фарҳангӣ – шоми эҷодии  шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи А.Рудакӣ Гулназар Келдӣ бо иштироки ҷавонони шеърдӯст, шоирон ва нависандагон ва алоқамандони шеъри ноб баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини  якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ иштирок намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва хештаншиносии ҷавонон муфид арзёбӣ намуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби маҳфили ҷавонони навқаламу эҷодкори Кумита роҳандозӣ карда шуда, аъзоёни маҳфил пайваста чунин чорабиниҳои адабиро бо иштироки шоирону нависандагони шинохтаи кишвар роҳандозӣ менамоянд. Гулназар […]

16.07.2019 Пайравони Пешвои миллатем!

Нимаи дуюми имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамоиши волонтёрони вилояти Суғд таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” бо иштироки волонтёрони фаъоли вилоят баргузор гардид. Нахуст, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим вобаста ба татбиқ ва раванди рушди фаъолияти волонтёрӣ дар вилояти Суғд баромад намуда, иброз намуданд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди фаъолияти волонтёрӣ бомаром идома дошта, шумораи зиёди ҷавонони вилоят ба ин навъи фаъолият пардохтаанд. Роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” Шарипова Маҳинбону вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ дар вилояти Суғд баромад намуда, чорабиниҳои доирнамудаи волонтёронро дар вилоят муфид […]

16.07.2019 Дар нимсолаи аввали соли 2019 зиёда аз 17 ҳазор чорабинӣ доир гардид

Субҳи имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷаласаи сайёри Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирии фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи аввали соли 2019 баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита натиҷаи фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардида, зикр гардид, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ВАО кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 17 ҳазор чорабиниҳои гуногунро доир намудааст. Дар ин давра аз ҷониби Кумита силсила чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, оммавию варзиш ва солимгардонӣ […]

Варзиш

19.07.2019 Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ ҷамъбаст гардид.

13-14 июли соли 2019 дар шаoри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ баргузор гардид, ки дар он 90 нафар варзишгар аз 6 дастаи кишвар иштирок намуда, беҳтаринҳо муайян гардиданд. Рўйхати ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қаиқронӣ 13-14 июли соли 2019                                                       ш. Душанбе    Пойгаи 1 К-1 1000м № Ном ва насаб Натиҷа  (вақт) Даста 1 Мамадзод Манучеҳр 3:45 Суғд-1 2 Шарифзода Ҳабибулло 3:46 Душанбе-2 3 Зуҳуров Некруз 3:50 Душанбе-2   Пойгаи 2. К-1 1000м                       Мардҳо                                                   Ниҳои № Ном ва насаб Натиҷа  (вақт) даста 1 Даминов Шаҳриёр 4:03 Душанбе -1 2 Рустамов Умар 4:32 Душанбе-1 3 Бобоҷонов Амирҷон 4:12 Суғд-1 Пойги 3. К-1 1000м.                                           Занҳо                                    Ниҳои № Ном ва […]

19.07.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот.

Аз 20 то 26 июли соли 2019 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур миёни занон ва мардон доир гардида, ғолибони мусобиқа бо мадал ва диплом сарфароз гардонида мешаванд. Тибқи низомномаи мусобиқа даври аввал ва дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд. Ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа варзишгарон аз 5 минтақаи кишвар роҳхат пайдо намуда, шоми ин бегоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон комиссияи мандатии мусобиқа бо иштироки варзишгарони кишвар доир мегардад. Ғолибони мутлақи мусобиқа имконият пайдо менамоянд, ки минбаъд дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ  ширкат варзанд.

19.07.2019 БИЁЕД, ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ! Баҳодур Усмонов дар даври ниманиҳоӣ рақобат мекунад.

Шоми ин бегоҳ қаҳрамони Осиё оид ба бокс Баҳодур Усмонов бо варзишгари қазоқистонӣ  Сафиулен Зокир дар даври ниманиҳоӣ барои дарёфти “Ҷоми Президенти Қазоқистон” вориди рақобат мегардад. Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Қазоқистон” оид ба бокс аз 14 то 21 июли соли 2019 дар шаҳри Нур- Султон бо иштироки беш аз 150 нафар беҳтарин варзишгари 13 давлати дунё баргузор гардида истодааст. Баҳодур Усмонов варзишгари маъруфи тоҷик дар ин мусобиқа дар марҳилаи аввал бинобар сабаби даст кашидани варзишгари гурҷистонӣ ба марҳилаи дигар роҳхат пайдо намуд.  Дар даври дигар Баҳодур бо ҳисоби 5/0 бо варзишгари қазоқ Неҷидов Дилмурод ғалаба ба даст оварда, ба даври ниманиҳоӣ роҳхат пайдо намуд. Ба ин варзишгари кишвар  муваффақияту музаффариятро […]

19.07.2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба  каратэ – до дар Ёвон баргузор мегардад.

Аз 10 то 11 августи соли 2019 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба  каратэ – до  миёни наврасон баргузор мегардад. Мусобиқаи ҷумҳуриявии мазкур дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон доир мегардад. Иштирокчиёни мусобиқаи ҷумҳуриявӣ беҳтарин варзишгарони сатҳи маҳаллӣ буда, марҳилаи аввали мусобиқа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоят ҷамъбаст мегардад. Ҷоизадорони даври дуюм ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо менамоянд. Мусобиқаи мазкурро Сафархолов Баҳром сардоварӣ менамояд.Дар мусобиқаи мазкур иштироки дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар дар назар дошта шудааст.

19.07.2019 Рақобат барои “Ҷоми Президенти Қазоқоситон” идома дорад.

Варзишгарони тоҷик аз рӯи намуди бокс барои дарёфти “Ҷоми Президенти Қазоқистон” дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ рақобат намуда истодаанд.   Дар ин мусобиқа аз 13 давлати дунё миёни мардон 122 нафар варзишгар ва дар миёни занон 33 нафар занони варзишгар иштирок менамоянд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз давлатҳои Алҷазоир, Булғория, Гурҷистон, Ҳиндустон,Тоҷикистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қирғизистон, Муғулистон, Федератсияи Россия, Сурия, Филипин ва Узбекистон рақобат намуда истодаанд. Ҷоизадорони мусобиқаи мазкур бо мукофотпулӣ барои ҷойи аввал 2000 доллари ИМА, ҷойи дуюм 1000 ва ҷойи сеюм 500 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.   Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи мазкур 8 варзишгар – Бахтовар Сагизов (57кг), Баҳодур Усмонов (63кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75кг), Шаббос […]

Данная рубрика не содержит информаций