73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Ҷавонон


Саҳнаи номуси миллат дар бағал дорем мо!

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  силсила суҳбату мулоқотҳо бо доираи васеи ҷавонону варзишгарон вобаста ба расонидани мафҳуму муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон, ки дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат санаи 12 майи соли 2018 баён доштанд, дар ҷамоату шаҳрак ва шаҳру навоҳии кишвар доир гардида истодааст. Чунин як мулоқоти судманд бо доираи васеи ҷавонону варзишгарон, устодону мураббиёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ баргузор гардид. Мо халқи шарифи Тоҷикистон, ҷӯзъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз фарҳанг, забон, расму […]

05.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Тифлони хушбахти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ идашонро ҷашн гирифтанд

Дар боғи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, солимиву варзишӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон баргузор гардид. Дар чорабиниӣ мусобиқаҳои шоҳмот, шашка ва эстафета миёни наврасон баргузор карда шуд, ки дар он 100 нафар наврасон иштирок намуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳия ба наврасони ятими кулл ва маъюбон маблағҳои пуливу туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Кудакон бо шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб хотири иштирокчиёнро шод намуданд

01.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Дидори модари чоргоник аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва бо шарофати сулҳу суботи комили кишвар барои зиндагии шоиставу арзандаи мардум шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шуданд. 27-уми майи соли 2018 дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе ҷавондухтари тоҷик Зарина Неъматова чоргоник ба дунё овард. Аз 4 тифли таваллудшуда 3 нафар духтар – Ҳумайра, Ҳуррия, Ҳуснизар ва як нафар писар Ҳумоюн мебошад. Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва волонтёрдухтарони назди Клуби волонтёрони назди Кумита ба дидори модари ҷавони хушбахт рафта, аз номи роҳбарияти Кумита ва […]

01.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон

Ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас дар замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб бомаром вусъат пайдо намудааст. Баҳри таъмини шароити арзанда ва мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва ба тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани онҳо оғоз аз субҳи имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҷониби раёсат ва бахши ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишу ҳамоишҳо, аёдату дидори кӯдакони бепарастор, бозиҳову туҳфасупориҳо бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гашта истодаст. Аз ҷумла, чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, мусобиқаҳои шоҳмоту шашка, волейбол, озмуни рассомӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар боғи фарҳангӣ – истироҳатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки […]

01.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Бохтар: дастгирии ҷавонони имконияташон маҳдуд

Дар доираи тантанаҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар ба 12 нафар ятимони кул, ҷавонони имконияташон маҳдуд кӯмаки якдаъфаинаи  молӣ расонида шуд.          Мавриди зикр аст, ки иқдомоти  мазкур дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо аҳли фаъолони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 бахшида ба моши шарифи Рамазон баргузор гардид, доир гардидааст.

31.05.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 160